Ислоҳи худ ба чӣ маъност?

Ислоҳи худ ба чӣ маъност?

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Инсон пеш аз он ки камар барои ислоҳи ҷомеа бандад ва бихоҳад ҷомеаро ислоҳ кунад, лозим аст аввал “худаш”-ро аз дарун ислоҳ кунад ва барои ислоҳи “худаш” камар бибандад, вагарна ҳеч коре аз дасташ барнахоҳад омад.

Ислоҳи “хеш” дар дараҷаи аввал, яъне ин ки дар дарунам, дар замирам, дар қалбам як зарра кина ва адоват ва душманӣ нисбат ба аҳаде набояд вуҷуд дошта бошад.

Ислоҳи “хеш” яъне решакан кардани хислатҳои зишту нописанд аз дарун – мисли ҳасад ва ҳасадварзӣ ва “ман-манӣ” – ва ба ҷойи он коштани муҳаббат ба дигарон. Ин муҳаббат ба дигарон ва хайри дигаронро хостан аст, ки водорат мекунад ба фикри ислоҳи ҷомеа бошӣ. На ҳасаду кина ва душманӣ ҳатто нисбат ба рақибонат, ки аз дарун нобуд ва равонатро хароб мекунад ва ба тадриҷ ин бемории равонӣ ба зоҳират ҳам рӯ мезанад ва чи басо даст ба худкушӣ ҳам бизанӣ.

Ҳоло агар фикр мекунӣ аз дарун мушкиле надорӣ, пас даст ба кор шав…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагиномаи Мавлавии Ҳиндустонӣ – II
Ҳимояти Олмон аз иҷрои тарҳҳои энержии ҷойгузин дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид