Ислоҳи Қонуни асосии Узбекистон
Ахбори минтақа
Тағйироте ба Қонуни асосии Узбекистон ворид хоҳад шуд.
Мардуми Узбекистон, имруз якшанбе, барои ширкат дар интихоботе, ки дар он ислоҳоти қонуни асоси дар ин кишвар ба рай гузошта шуда аст ба пои сандуқҳои рай мераванд.
Ислоҳоти ҷадиди Қонуни асосии Узбекистон давраҳои пай дар пайи раёсати ҷумҳуриро ба ду давра маҳдуд мекунад, аммо мақомот гуфтаанд, ки дар сурати тасвиби ин ислоҳот, теъдоди давраҳои қаблии раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзиёев нодида гирифта хоҳад шуд.
Ин ислоҳот ҳамчунин давраи раёсати ҷумҳуриро аз 5 сол ба 7 сол афзоиш медиҳад, ки дар амал ба Мирзиёев имкон медиҳад то соли 2040 дар раёсати кишвари 35 миллион нафарии Узбекистон боқӣ бимонад.
Ин ислоҳоти Қонуни асосӣ Узбекистонро як давлати иҷтимоъӣ бо афзоиши тааҳҳудоти рифоҳӣ эълом мекунад ва иҷозаи моликияти замини ғайрикишоварзиро ба афрод медиҳад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн