Исмоил Қоонӣ: “Муқовамати Фаластин бо тадбир ва тасмими худаш амалиёт кард”

Исмоил Қоонӣ: “Муқовамати Фаластин бо тадбир ва тасмими худаш амалиёт кард”
Ахбори байналмилал
Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон, бо баёни ин ки муқовамат дар сатҳи минтақаи худ соҳиби тасмим ва ташхис аст, гуфт: “Муқовамати Фаластин бо тадбири худаш ва барномае, ки танзим карда буд корро шурӯъ кард.”
Ба гузориши Ирно, сардор Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, шомгоҳи ҷумъа (29 декабр) бо баёни ин ки имрӯз муқовамат дар саросари минтақа ҳар кадом сохтори мустақил ва муносиби худро доранд, изҳор дошт: “Гурӯҳҳои муқовамат марҳила ба марҳила рушд карданд ва имрӯз тамоми аркони ҷабҳаи муқовамат дар сатҳи минтақа худашон соҳиби тасмим ва ташхис ҳастанд.”
Сардор Қоонӣ идома дод: “Дар ҳамин давра муқовамати Фаластин бо тадбири худаш ва барномае, ки танзим карда буд, корро шурӯъ кард ва барои аввалин бор дар ин мақтаъ ба далели ҷиноёти густурдае, ки режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мусалмони Фаластин анҷом доданд, худашон тадбир карданд ва марҳила ба марҳила ҳамаи корҳое, ки худашон карданд, бо барнома ва тадбир ва чӣ қадр зебо анҷом доданд.”
Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Эрон, хитоб ба сардамдорони режими саҳюнистӣ таъкид кард: “Шумо шаҳид Разӣ Мусавиро терур мекунед, зеро натавонистед дар майдони ҷанги Ғазза чизе ба даст оваред ва Эрон ба нақшаҳои шумо кашида намешавад. Режими саҳюнистӣ ва Омрико аз ибтидои ҷанг то кунун чӣ дастовардҳое доштанд? Ҳунари онҳо фақат куштани занон ва кӯдакони бегуноҳ аст.”
Вай хитоб ба омрикоиҳо гуфт: “Агар ба рафторҳои ғайримантиқии худ дар Ироқ идома диҳед, муқовамати Ироқ мулоҳизоти худро канор гузошта ва ба шумо посухи дигаре хоҳад дод.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” интиқоми чӣ чизе буд?
Ҳақиқати тавба

Матолиби пурбоздид