Исмоил Ҳаниа: Исроил дар ботлоқи Ғазза аст

Исмоил Ҳаниа: Исроил дар ботлоқи Ғазза аст
“То мардуми мо озодӣ ва истиқлоли худро ба даст наёваранд, минтақа рӯйи оромиш нахоҳад дид”
Ахбори байналмилал
Shafaqna
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос, нахуствазири Исроилро масъули ҷанги кунунӣ дар минтақа донист.
Ба гузориши Shafaqna, Исмоил Ҳаниа бо ишора ба мушкилоти ҳуқуқии мухталифи нахуствазири Исроил, гуфт: «Бенёмин Натонёҳу, ки худро бо як эътилофи дасти ростӣ муҳосара кардааст, талош дорад чашми ҷаҳонро аз гуноҳони худ дур кунад. Ӯ муқассири аслии ҷанг аст”.
Ҳаниа афзуд: “Исроил дар ботлоқи Ғазза аст ва гаравгонҳояш дар маърази бомбборонҳои исроилӣ мушобеҳи фаластиниҳо ҳастанд , ки шуморе аз онҳо дар куштори Ҷаболиё мутаассифона кушта шуданд”.
Ҳаниа хитоб ба омрикоиҳо ҳам гуфт: “Бояд аз ҳимоят аз ин давлати фашист ва монеътарошӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои дастёбӣ ба оташбаси башардӯстона даст бардоред. Шумо самти иштибоҳи таърихро интихоб мекунед ва то замоне, ки мардуми мо озодӣ ва истиқлоли худро ба даст наёваранд ва ба хонаҳои худ барнагарданд, минтақа амн ва бо сабот нахоҳад буд”.
Shafaqna
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи муштараки нишасти С5+1 дар Самарқанд
Фатвои хохомҳои яҳудӣ: “Бомбборони бемористони марказии Ғазза ҷоиз аст”

Матолиби пурбоздид