“Исроил” 80-солагии умрашро нахоҳад дид

Таҳлили хабарӣ
“Исроил” 80-солагии умрашро нахоҳад дид
Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи “Раъюл-явм”
“Ба лутфи Худованд, моҳияти исроилиҳое, ки худро “боҳуштарини мардум” медонанд ошкор шуд. Албатта онон ҳамчунон бо эътимод ба нафс, моро кавдан ва таслимпазир медонанд, ки дар ҳар ҷанге, ки ворид шудем, шикаст хӯрдем. Аммо ҳамлаи заминии соъиқавори 7-уми октябр, ба ҳамроҳи пӯшиши ҳавоии мушакӣ ва паҳподӣ, ин назарияро ботил ва ин инсонҳои мағрурро шок кард. Ҳамлае бо имконоти андак ва ибтидоӣ, ки муассисоти амниятӣ ва иттилоотии режимро бо шикасти хиффатбор мувоҷеҳ сохт.
Будҷаи артиши Исроил беш аз 23 миллиард доллар дар сол аст ва ҳадди ақал дар сол кӯмаки се миллиард долларӣ низ аз Омрико дарёфт мекунад, Исроил ба ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафта ва мухталиф муҷаҳҳаз аст, сомонаҳои дифоъи ҳавоии гуногуне дорад, ба тонкҳои пешрафта, паҳподҳои мудерн ва ғайра муҷаҳҳаз аст, аммо дар баробари артише бо камтар аз 800 размандаи вобаста ба гурдони Қассом шикаст хӯрд ва бархе аз женеролҳояш ба асорат даромаданд. Ин шикаст то ҳадде барояш хиффатбор буд, ки аз ифшои номи женеролҳои асиршудаи худ ибо дорад.
Муҷоҳидоне, ки дар ин амалиёт нақш доштанд, ҳол дар пойгоҳҳояшон дар тунелҳои зеризаминӣ омодаанд, то дар сурати оғози ҳамлаи заминии Исроил, дубора вориди амал шаванд. Худованд шаҳид Муҳаммад аз-Заворӣ, муҷоҳиди нухбаи тунисиро раҳмат кунад, ки мубтакири тавсиаи паҳподӣ буд ва аз ибтикорҳои ӯ тамоми меҳварҳои муқовамат ҳатто Эрон баҳрабардорӣ карданд. Паҳподҳое, ки дар ҳамлаи 7-уми октябр ба кор гирифта шуданд ва тавонистанд аз тамоми родорҳои пешрафтаи исроилӣ убур кунанд, сохташон беш аз ҳазор доллар ҳазина надошт. Ин паҳподҳо бо мушакҳои патриотӣ ҳадаф қарор мегиранд, ки ҳар кадом аз онҳо беш аз як миллион доллар арзиш доранд.
Ин муқаддимаи тӯлонӣ барои ин буд, ки бигӯем, бархе аз мо, бар хилофи тасаввуроти саҳюнистҳо ва ҳомиёнашон, дар бахши низомӣ тавсиа пайдо карданд ва қодиранд бо истифода аз таҷҳизоти тавлидии худ, шуҷоъона бо душманони уммат муқобила кунанд.
Ҷанги 7-уми октябр ҳанӯз дар мароҳили аввалияи худ қарор дорад ва масири ин ҷанг ба самти ҳар эҳтимоле боз аст, дар муқобил шоҳиди шикоф ва ихтилофи амиқ дар миёни сарони сиёсӣ ва низомии Исроил ҳастем. Ин ихтилофот танҳо дар мавзӯъи оғози ҳамлаи заминӣ нест, онон нигаронанд, ки чунин ҷангеро чӣ гуна бояд хотима диҳанд. Низомиёни саҳюнист аз мушорикат дар ҷангҳои хиёбонӣ, он ҳам дар кӯча ва хиёбонҳои печ дар печ ва борики Ғазза ва гирифтор шудан дар каминҳое, ки аз дохили тунелҳои мавҷуд дар ин минтақа барояшон омода мешавад ҳарос доранд ва ба ҳамин далел аз хидмат дар артиш мегурезанд. Дар рӯзҳои ахир миёни женеролҳои олирутбаи режим бо Бенёмин Натонёҳу, ки фақат ба фикри он аст то ба навъе шикасти худро ҷуброн кунад‏ ва обрӯи бар бод рафтаашро бозёбад, ихтилофоти зиёде ошкор шуд.
Маҷаллаи “Экономист”-и Англис дар шумораи ахири худ фош сохт, ки навъе нофармонӣ дар миёни бархе аз женеролҳои олирутбаи Исроил ва Натонёҳу падидор шуд, ин женеролҳо ҳозир ба пазириши ҳамлаи заминӣ ба навори Ғазза нестанд. Ин нашрия навишт, Эриб Дарей, раиси ҷунбиши тундрави ШОС, пас аз боздиди сарзада аз низомиёни Исроили дар марзи Ғазза, дар нишасти ҳизбаш, иттилоотеро фош сохт ва гуфт, артиш барои ҳамлаи заминӣ омода нест. Ин яъне артиш хавфу ҳарос дорад ва медонад агар чунин ҳамлаеро оғоз кунад, бори дигар шикаст хоҳад хӯрд.
Ҳамин арабҳое, ки исроилиҳо онҳоро “кавдан” мехонанд, аз июни 1967 то кунун дар ҳеч ҷанге шикаст нахӯрдаанд ва гурӯҳе мӯъмин аз ҳамин арабҳо, барои аввалин бор тавонистанд ҷангро ба умқи Исроил бикашонанд ва 1400 исроилӣ аз ҷумла женеролҳо ва низомиёнро ба қатл бирасонанд ва 3000 нафарро захмӣ кунанд, ҳол он ки дар 75 соли гузашта, ҳамвора, ҷанг дар сарзаминҳои арабӣ ҷараён дошт. Ин маҷмӯаи арабӣ муваффақ шуд 50 шаҳрак дар атрофи Ғаззаро озод ва ишғолгаронро маҷбур кунад, то дар урдугоҳҳои оворагон зиндагӣ кунанд, дар шароите, ки то пеш аз ин амалиёт, урдугоҳи оворагон фақат барои фаластиниён буд.
Натонёҳу қодир нест ҷунбиши Ҳамосро аз миён бардорад, балки ӯст, ки аз миён бардошта хоҳад шуд, то дар идома ба иттиҳоми фасод ва шикасти сиёсӣ ва низомӣ, дар зиндонҳои режим рӯзгорашро сипарӣ кунад ва ба хости Худо навори Ғазза бо тамаддуне беш аз ду ҳазор сол, дар канори каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдун ва бо ҳимояти ҷаҳони араб ва ислом, нуқтаи поёне барои умри режими ишғолгар хоҳад буд ва иҷоза нахоҳад дод ин режим 80-солагии умрашро такмил кунад.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зи башар будани онҳо, ба Худо, шак дорам!
Номаи 298 шахсияти барҷастаи ҷаҳон ба дабири кулли СММ

Матолиби пурбоздид