Исроил бечора шудааст

Таҳлили хабарӣ

 

 

Исроил бечора шудааст

Ёддошти Сайидюнуси Исатаравшанӣ

Дар хилоли умри беш аз 70-солаи режими саҳюнистӣ, чанд бор миёни арабҳо ва режими Исроил ҷанг шуда ва дар ҳар дафъа, аз режими Исроил хоҳиш мешуд, ки дигар даст аз таҷовуз бардорад, аммо дар ин дафъа, ки сахттарини онҳост – ки 5 моҳ аст идома дорад – ин Исроил ва Омрико ҳастанд, ки аз Ҳамос мехоҳанд дигар даст бардорад ва ба оташбас мувофиқ бишавад. Вале Ҳамос мегӯяд: то замоне, ки тамоми шартҳои мо пазируфта нашавад, дастбардор нестем. Воқеан Исроил бечора шудааст! Ва аммо шартҳои Ҳамос инҳост:

1) Хуруҷи комили нерӯҳои артиши саҳюнистӣ аз Ғазза;

2) Эълони оташбаси доимӣ;

3) Табодули асирон; ҳама дар муқобили ҳама, яъне ҳамаи фаластиниҳо, ки ҳудуди 3 ҳазор (ё бештар) дар зиндонҳои Исроиланд дар муқобили ҳамаи асирони исроилӣ, ки феълан дар дасти Ҳамосанд.

Фикр мекунам, Исроил дигар чорае надорад ҷуз ин ки шартҳои Ҳамосро қабул кунад, зеро ин ҷанг ба қавли маъруф, падарашро дароварда ва Омрико низ ҳамакнун шадидтарин фишорҳоро рӯйи Исроил овардааст, ҳатто кор ба ҷойе расида, ки Омрико Гонтзро раиси Исроил медонад, на Натонёҳуро.

Хулоса, Исроил воқеан бечора шуда!

Сайидюнуси Исатаравшанӣ

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон як киштии омрикоиро тавқиф ва дороиҳои онро мусодира кард
Расонаи амрикоӣ: “Дигар наметавон пеши роҳи амалиёти яманиҳоро гирифт”

Матолиби пурбоздид