Исроил: “Созмони Милал дигар машрӯият надорад!”

Исроил: “Созмони Милал дигар машрӯият надорад!”
Ахбори байналмилал
Гилъод Ордон, намояндаи режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал дар ин бора гуфт: “Ҳамаи мо шоҳиди ин ҳастем, ки Созмони Милали Муттаҳид заррае машрӯият надорад”.
Ба гузориши пойгоҳи расмии режими саҳюнистӣ (Times of Israel), вай афзуд: “Ин созмон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҷиноёт эҷод шудааст, вале намоише, ки ба тозагӣ шоҳиди он будаем, нишон медиҳад, ки Созмони Милал мутаассифона муттаҳид ба идомаи фоҷеаҳост, на ҷилавгирӣ аз вуқӯи онҳо”.
Ордон дар талош барои сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва зери суол бурдани ҳаққи фаластиниҳо барои посух ба ин ҷиноёт идома дод: “Исроил бузургтарин “қатли омм” пас аз Ҳолокостро шоҳид буд ва акнун тибқи назари аксарият дар хонаводаи ба истилоҳ Созмони Милал, ҳаққи дифоъ аз худро надорад”.
Вай ҳамчунин гуфт: “Ҳеч музокира ва баҳсе вуҷуд нахоҳад дошт. Мо даст рӯйи даст нахоҳем гузошт ва ба онҳо (муқовамати навори Ғазза) иҷоза нахоҳем дод дубора мусаллаҳ шаванд. Мо ин иҷозаро намедиҳем; танҳо роҳи дастёбӣ ба ин ҳадаф, аз байн бурдани тавоноиҳои Ҳамос аст”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қиличдор Уғлу: “Ҳар касе дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо сукут кунад, дасташ ба хуни мардуми Ғазза оғишта аст”
Исроил: “Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “нафратангез” буд”

Матолиби пурбоздид