Исроф дар замон
“Агар як нафарро бибинем, ки сарвати ҳангуфте ба ӯ расида ва девонавор исрофу табзир мекунад, бар ҳоли ӯ таассуф мехӯрем, ки чаро қадри молро намедонад, чаро онро дар роҳи муфиде ба кор намеандозад? Оқибати фалокатборашро пешбинӣ мекунем, ки чӣ андоза бадбахт хоҳад шуд ва баъдҳо худаш таассуф хоҳад хӯрд, дар ҳоле, ки суде надорад.
Вале худи мо дар баробари сармояи бузургтаре ҳамон андоза дар ғафлат ҳастем ва таваҷҷӯҳ надорем. Он сармоя, сармояи вақт ва замон аст…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн