Истидлолҳои ғалат ё муғолата

Истидлолҳои ғалат ё муғолата

Шинохти истидлолҳои ғалат

Ба қалами Ҳенрик Шенеберг (Henrik Schoeneberg), файласуфи донморкӣ ва поягузори Thales Day

Оё то ба ҳол дар бораи “муғолатаи паҳлавони дурӯғин” (straw man = подмена тезиса) ё “муғолатаи моҳии қирмиз” (the red herring = отвлекающий маневр) чизе шунидаед? Агар шунидаед, шояд бароятон ҷолиб бошад, ки бидонед инҳо бахше аз маҷмӯаи мафҳумҳое ҳастанд, ки метавонанд қудрати тафаккури шуморо афзоиш диҳанд. Дар поёни мутолеаи ин мақола, дар ҳақиқат ҳушмандтар хоҳед шуд, зеро хатоҳои мавҷуд дар истидлолҳои худ ва дигаронро бо равшании бештаре хоҳед дид.

Ҳенрик Шенеберг (Henrik Schoeneberg), файласуфи донморкӣ ва поягузори Thales Day.

Фикр кунед мағзатон навъе сандуқи абзору васоил аст. Ҳамон тавр ки абзорҳое барои сохтан вуҷуд дорад, чизҳое ҳам вуҷуд дорад, ки файласуф Дэнил Денет (Daniel Dennett) онҳоро “абзорҳои тафаккур” меномад. Барои мисол, забон яке аз абзорҳои тафаккур аст, зеро моро қодир месозад, ки аз тариқи гуфтугӯи дарунӣ ва ҳамчунин бо дар миён гузоштани андешаҳои худ бо дигарон, битавонем беҳтар фикр кунем. Ҳар замон, ки калимаи ҷадиде сохта мешавад, абзори тафаккури тозае дар дастрас қарор мегирад.

Дар гузашта ингуна тасаввур намешуд, ки барои тафаккури беҳтар, ба абзорҳое ниёз дорем. Барои намуна, назарияи иқтисодии суннатӣ (килосик) бар ин пешфарз мубтанӣ аст, ки мо тамоюл ба гирифтани тасмимҳои ақлонӣ дорем, дар ҳоле ки дар сад соли гузашта улуми шинохтӣ (когнитивистика) ба шакли рӯзафзуне ошкор сохтаанд, ки мо ҷаҳонро бар мабнои ҷиҳатгириҳо мебинем ва агар тасмимгирӣ ба низоми шинохтии мо вогузор шавад, он қадр айнӣ ё ақлонӣ фикр намекунем, ки бишавад ба он эътимод кард. Ин масъала шомили интихобҳои иқтисодии мо низ мешавад. Барои муқобила бо ин тамоюлоти равоншинохтӣ, бояд аз абзорҳои тафаккур, ки аз замони тадвини мантиқ (логика) тавассути Арасту ба вуҷуд омадаанд, беҳтар истифода кунем.

Як қадам ба пеш, ташхис ва номгузории анвоъи гуногуни “истидлолҳои бад” будааст, ки дар маҷмӯъ таҳти унвони “муғолатаҳои ғайрисурӣ” (informal fallacies = неформальные ошибки) шинохта мешаванд. Ин муғолатаҳо номҳои комилан шинохташуда ва бисёр мутанаввеъе доранд. Барои мисол, “ҳамлаи шахсӣ” (ad hominem = переход на личности) навъе муғолата аст, ки шумо ҳангоми муқобила бо нерӯи истидлоли фарди муқобил, ба ҷойи ин, ки бурҳон биёваред, ба шахсияти ӯ ҳамла мекунед. Ин яке аз равишҳои бади истидлол аст, зеро он чи маъмулан муҳим аст, пайғомест, ки мунтақил мешавад, на шахси пайғомрасон. Бо вуҷуди ин, истидлолҳои “ҳамлаи шахсӣ” дар анвоъи мухталифе аз мавқеиятҳо ба кор меравад, мисли корзорҳои сиёсӣ — ҷойе, ки ҳамалоти шахсии нодуруст ва номарбут ва номутаносибе ба кор меравад, то истидлоли воқеии тарафи муқобилро таҳтушшуъо қарор диҳад.

Бисёре аз истидлолҳои муғолатаомез мумкин аст дар нигоҳи аввал сатҳӣ ба назар бирасанд. Мусалламан дуруст нест, ки рафтори беадабонаи як туристро нишонгар ва намояндаи рафтори тамоми афроди он миллат қаламдод кунем. Оё набояд инро бидонем? Табиатан бояд бидонем, аммо ағлаб фаромӯш мекунем: афрод дар амал ғолибан қурбонии муғолатаи таъмими (умумиятбахшии) шитобзада мешаванд. Ё ин ки чӣ теъдод аз мо муртакиби “муғолатаи тавассул ба эҳсос (ё нодонӣ)” (argument from force fallacy = аргумент к незнанию) нашудаем. Барои мисол, ҳангоме ки нороҳат ҳастем ва ба ҳамин сабаб ба тарзи ноодилона якдигарро муқассир медонем, беҳтар мебуд, ки қабл аз талош барои ҳар гуна изҳори назар, худро ором мекардем. Аммо дар ҳақиқат, дуруст ба ин хотир, ки ба тафаккури ғайриақлонӣ мутамойил ҳастем, бисёр муфид аст, ки ҳатто ба шинохти анвоъи муғолатаҳои ба зоҳир сатҳӣ муҷаҳҳаз бошем. Ба ин тариқ айбҳои ношӣ аз тафаккури ғайриақлонии худро ба ёд хоҳем дошт ва беҳтар метавонем онҳоро таҳти муроқибати худ дошта бошем. Ҳамон гуна ки дар бемористонҳои тарки эътиёд мегӯянд, ки қадам аввал дар масири дармон иқрор ва баёни ин матлаб аст, ки ба мушкилӣ мубтало ҳастӣ. Илова бар ин, замоне ки бидонем чӣ навъ истидлолҳои баде вуҷуд доранд, истидлолҳои дигаронро беҳтар таҳлил мекунем. Табақабандӣ ва номгузории истидлолҳои бад кӯмак мекунад афкори худро низомманд кунем. Ба ин тартиб метавонем ба суръат мушаххас кунем, ки эроди ҳар истидлол чист. Бинобар ин, ҳангоме ки бо муғолатаҳо ошно бошем, дар баҳсу гуфтугӯ бештар мутақоъидкунанда хоҳем буд.

Яке дигар аз хусусиятҳои муфиди ошноӣ бо муғолатаҳо ин аст, ки дар ҳангоми сӯҳбат дар бораи онҳо, метавонем аз истилоҳоте истифода кунем, ки машрӯияти мантиқӣ дорад. Агар ба шумо бигӯям, ки истидлоли “ҳамлаи шахсӣ”-ро алайҳи ман ба кор бурдаед, гуфтаи ман барои шумо вазн ва нуфузи бештаре хоҳад дошт, то ин ки ба забони содда бигӯям, ки фикр мекунам ин шеваи истидлоли баде аст, ки ба ҷойи ин ки ба истидлоли ман ҳамла кунед, ба шахсияти ман ҳамла мекунед. Ба ин тартиб, вақте ба касе дар бораи истифода аз истидлоли “ҳамлаи шахсӣ” ҳушдор медиҳем, мумкин аст фикр кунад “агар он чи ишора мекунад исми фаннӣ дорад (ҳамлаи шахсӣ), шояд воқеан чизе медонад.”

 

Ҷиҳатгириҳо ва муғолатаҳои бештар

Мафҳуми муғолата ба мафҳуми ҷиҳатгирӣ бисёр наздик аст. Бархе аз ҷиҳатгириҳо ҳатто вожаи муғолатаро дар номи худ доранд, мисли “муғолатаи қиморбоз” (gambler’s fallacy = ошибка игрока).

Ҷиҳатгирӣ навъе таъассуб аст, ки аз қабл, мавриди доварии шахс қарор гирифтааст. Ҷиҳатгириҳо ё ба воситаи надонистани сирф ё ба воситаи муғолатаҳо иттихоз шудаанд. Ҷиҳатгирӣ таъбире каҷ (ва нодуруст) аз ҳақоиқ аст ва шумо ба истидлолҳои бад ниёз доред, то аз чунин талаққиҳое ҳимоят кунед. Бинобар ин, метавонед бо ошносозии ҳар чи бештари худ бо муғолатаҳо ва иддаоҳои номӯътабарашон дар бораи хирад, ҷиҳатгириҳои худро коҳиш диҳед.

Яке аз роиҷтарин анвоъи ҷиҳатгириҳо “ҷиҳатгирии таъйидӣ” (confirmation bias = склонность к подтверждению своей точки зрения) аст. Ин ҷиҳатгирӣ иборат аз ин аст, ки ба ҷойи ин ки ба дунболи иттилооти бетарафона бошем, ки моро ба ҳақиқат наздиктар мекунад, тамоюл дорем иттилоотеро биёбем ё ташхис диҳем, ки андешаҳои аз пеш шаклгирифтаи моро таъйид кунад. Метавонед ҷиҳатгириҳои таъйидиро дар иддаоҳое шабеҳи ин мушоҳида кунед: “Ҳушдорҳои марбут ба саломатиро хондаам, аммо амуи ман сигор мекашад ва ҳолаш ҳам хуб аст. Бинобар ин, сигор кашидан набояд бад бошад.” Дар ин маврид, аз муғолатаи “таъмим додани намунаҳои маҳдуд” истифода мешавад, то бо як ёфтаи комилан пазируфташудаи илмӣ муқобила шавад; ёфтае ҳокӣ аз ин ки сигор кашидан мумкин аст ба марги шумо мунҷар шавад.

 

Руъёе дар боби хирад

Ҳамин ошно шудан бо бархе аз абзорҳои хирад метавонад қолаби зеҳниамонро тағйир диҳад ва моро барои ин ки ақлонӣ фикр кунем, омода кунад. Ба ҳамин далел аст, ки чархиши фикрии Кин Тейлур (Ken Taylor), файласуфи муосир, дар боби давлати ормонии Афлотун, ки дар он, подшоҳони файласуф ҳукмронӣ мекунанд, зиёд ғариб ва дур аз зеҳн нест. Тейлур мегӯяд, ки ҳақ бо Афлотун буд. Мардум умуман ба ҷойи ин ки бо хиради хеш масири худро таъйин кунанд, таҳти ҳукмронии тамоюлҳо ва хоҳишҳои худ ҳастанд. Ба ҳамин далел файласуфон, ки дар истифода аз хирад ва истидлолварзӣ таълим дидаанд, бояд бар ҷомеа ҳукумат кунанд, аммо на ба гунае, ки танҳо гурӯҳи нухбае аз онон чунин кунанд, балки бояд талош намуд, то ҳамагон подшоҳони файласуф шаванд, яъне андешамандони амиқ бо тафаккур ақлонии равшан.

Ин матлаб орзуи Бертрон Росел (Bertrand Russell) низ буд. Ӯ низ мехост, ки ҳамагии моро мутафаккирони интиқодӣ кунад. Ҳангоме ки дар мусоҳибаи телевизиюниаш дар BBC дар соли 1959 аз ӯ пурсида шуд, ки чӣ насиҳате барои наслҳои оянда дорад, дар ҷавоб ба гунае посух дод, ки он чиро, ки хулосаи ҳар баҳсе дар бораи ҷиҳатгириҳо ва муғолатаҳост, ба зебоӣ дарбар мегирад: “Ҳангоме ки дар бораи мавзӯъе мутолеа мекунед ё дар боби фалсафа меандешед, танҳо аз худ бипурсед, ки фактҳо (далелҳо) чӣ ҳастанд ва ин фактҳо чӣ ҳақиқатеро нишон медиҳанд. Ҳаргиз ба худ иҷоза надиҳед, ки ба воситаи он чи моилед бовар кунед ё ба воситаи он чи фикр мекунед агар мавриди қабул қарор гирад, натоиҷи иҷтимоии муфиде ба ҳамроҳ дорад, мунҳариф шавед. Дар иваз, танҳо ва бо итминон ба умури воқеъ бингаред.”

 

“Паҳлавонҳои дурӯғин” “моҳиҳои қирмиз”-ро мехӯранд

Дар партави ин насиҳат, биёед нигоҳе биандозем ба мафҳумҳое, ки дар оғози ин навишта ба онҳо ишора кардам.

“Паҳлавони дурӯғин” муғолатае аст, ки дар он, ба нусхаи заъифтаре аз истидлоли фард ё шояд ба истидлоли заъифтар ва мутафовит барои ҳамон мавзӯъ, ҳамла мешавад, ҳамон гуна ки омӯзиши сарбозон аз тариқи ҳамла бо сарнайза ба матарсак (пугало) анҷом мешавад ва на душмани воқеӣ.

Муғолатаи “моҳии қирмиз” навъе ҳавосс парт кардан аст, ки дар он, фарде, ки моил аст бо натиҷае мухолифат кунад, на танҳо бо нусхаи тағйирёфта ва заъифшуда аз истидлоли ироашуда муқобила мекунад, балки бо истидлоли комилан номарбут рӯ ба рӯ мешавад ва онро муталошӣ менамояд. Ин муғолата номашро аз ин кор гирифтааст: моҳии дудишудае (копченая рыба)-ро ба сӯи саги махсуси шикори рӯбоҳ парт мекунанд, то ӯро гиҷ кунад ва сабаби тағйири масираш шавад. Дар мисоли зер, посухи Сэнди ба Питер як “моҳии қирмиз” аст.

Питер: Фикр намекунам лозим бошад ҳамин алъон сарпаноҳи ҷадиде барои бехонумонҳо бисозем. Ба пули бештаре ниёз дорем, то шабакаи барқро ҳифз кунем.

Сэнди: Чӣ тавр метавонӣ ба бехонумонҳо бетаваҷҷӯҳ бошӣ? Ин дақиқан сангдилӣ аст.

Сэнди ба истидлоли дигар ва дар воқеъ ба нуктае мутафовит бо гуфтаи Питер ҳамла мекунад. Питер нагуфтааст, ки ба бехонумонҳо бетаваҷҷӯҳ аст; мумкин аст барои дуруст кардани супи мурғ барои тамоми бехонумонҳое, ки Сэнди мешиносад, довталаб бошад. Питер танҳо ба ин меандешад, ки таъмини энержӣ низ муҳим аст ва бояд авлавиятҳоро мушаххас кард.

Истидлоли “моҳии қирмиз” худро ингуна низ зоҳир мекунад, ки касе бигӯяд замоне ки ин ҳама инсон дар ранҷу азоб ҳастанд, иштибоҳ аст, ки нигарони роҳатии ҳайвонот бошем. Нигаронӣ дар бораи вазъияти ҳайвонот ба нуктаи маътуф ба ранҷи инсонҳо беиртибот аст ва овардани истидлоли номарбут ба даруни баҳс барои тавҷеҳи мавзеъи худ, ҳамон “моҳии қирмиз” аст.

Аммо дар ҳар ду муғолата, ҳамон гуна ки Росел мегӯяд, бояд итминон ҳосил кунед, ки “сирфан ба чизе таваҷҷӯҳ кунед, ки факт (далел) аст ва низ ба он ҳақиқате, ки фактҳо онро таъйид мекунанд.” Дар ғайри ин сурат, ин хатар вуҷуд дорад, ки ба вартаи натиҷагирии шитобзада биафтед ва дар доми истидлоловарӣ гирифтор шавед.

Барои доштани тафаккури интиқодӣ зарурӣ аст, ки фаъолона талош кунем, то, варои ҳар чизи дигар, дар пайи ҳақиқат бошем ва ингуна фарз накунем, ки ҳақиқатро дарёфтаем. Чунин чизе аз тариқи ошно шудан бо анвоъи муғолата тақвият мешавад. Мумкин аст бароятон шигифтангез бошад, ки дар атрофи худ метавонед чӣ теъдод муғолата биёбед: ба шакли “паҳлавони дурӯғин”, “моҳии қирмиз”, “ҳамлаи шахсӣ”, “таъмими шитобзада” ва “истидлол аз тариқи тавассул ба эҳсос (ё нодонӣ)”. Ҳамчунин шигифтангез аст, ки сирфан доштани шинохте аз ин муғолатаҳо чӣ қадр шуморо ҳушмандтар мекунад.

 

Бархе аз муғолатаҳои ғайрисурӣ

— Искотландии воқеӣ (no true scotsman): “Ҳеч искотландие дар пуриҷ (навъе ош)-и худ шакар намерезад.” “На, ин тавр нест, амуи ман мерезад.” “Хуб… ҳеҷ искотландии воқеие шакар дар пуриҷаш намерезад.”

— Мусодира ба матлуб (begging the question): Навъе аз истидлоли даваронӣ аст, ба гунае, ки натиҷае, ки қарор аст гирифта шавад, аз қабл дар муқаддамоти истидлол пазируфта шудааст.

— Тавассул ба марҷаъият (appeal to authority): Талоше номӯътабар ба манзури пирӯзии истидлол аз тариқи иддаои доштани тахассуси номарбут ба мавзӯъ.

— Истидлол аз роҳи санг (appeal to the stone): Дар ин муғолата, иддаое рад шуда ва канор гузошта мешавад, ба ин хотир, ки пучии он возеҳ дар назар гирифта мешавад, бидуни ин ки бурҳоне дар ҷиҳати пуч будани он ироа шавад.

Муғолатаҳои ғайрсуриро набояд бо муғолатаҳои сурӣ иштибоҳ гирифт. Муғолатаҳои сурӣ шомили нақсе дар сохтори мантиқии истидлоли қиёсӣ ё истидлоли истиқроӣ аст. Мисоле аз муғолатаи ғайрисурӣ тасдиқи толӣ (affirming the consequent) аст. “Агар А дуруст бошад, он гоҳ В низ дуруст аст. В дуруст аст. Бинобар ин А низ дуруст аст.” (Ин истидлол эрод дорад, ба ин далел, ки В мумкин аст дуруст бошад, ҳатто агар А дуруст набошад.)

Philosophynow

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷомеаи солим ва ҷомеаи бемор
Худнобоварӣ ё адами эътимод ба нафс

Матолиби пурбоздид