Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он – (3)

Таърих

Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он

Сайфуллоҳ Муллоҷон (доктори улуми торих)

Бахши севвум

Истило ё иттиҳоди ихтиёрӣ? Империяи Русия чӣ гуна ба Осиёи Миёна омад ва пайомади он чӣ буд?

“Ҳунараш низ бигӯ!”

Аз инсоф набояд гузашт ва бояд гуфт, ки Русияи қарни XIX-и милодӣ ҳарчанд аз кишварҳое чун Британия ва Фаронса қафо мемонд, вале аз мулкҳои Хӯқанду Хиваву Бухоро дар вазъи беҳтаре буд. Аз ин рӯ нахустин дастоварди Русия барҳам задани ҷангҳои дохиливу харобиовари ҳокимони худсари Осиёи Миёна буд. Овардани як мисол кофист, ки вазъи то истилои ин сарзамин маълум гардад. Шаҳри Уротеппа (Истаравшан) дар муддати 50 сол 60 бор аз даст ба даст гузашта, аз ҷониби Бухорову Хуқанд талаву тороҷ шудааст.

Бо истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия амният дар роҳҳо таъмин гашт. Зеро роҳҳои дохилӣ пур аз роҳзан буд ва ҳукуматҳои маҳаллии ғарқи фасоду ришват қудрати барқарор сохтани назму тартиб дар роҳҳоро надоштанд. Барои мисол, дар байни роҳи Самарқанду Марғелон роҳзанҳои қирғиз гаштугузор ва корвонҳоро ғорат мекарданд.

Дигар имтиёзи ҳукумати русҳо дар минтақа омадани тибби замонавӣ ва хидматрасонии тиббӣ дар шаҳрҳо буд. Омадани тибби русӣ, ки муҷаҳҳазтару пешрафтатар аз мо буд, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ як қадам ба пеш буд. Ҳарчанд на ҳамаи мардум имкони истифода аз онро доштанд, вале ворисони Пури Сино дар ҳолати хеле ҳузноваре қарор доштанд, ки бо тибби он замон қобили қиёс набуд.

Яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодие ки пас аз истилои ин сарзамин аз ҷониби Русия роҳандозӣ шуд, сохтмони роҳи оҳане буд, ки Осиёи Миёнаро бо Русия мепайваст. Роҳи оҳани Бухоро садҳо маротиба аз шоҳроҳи тиҷоратии корвонҳо барои манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҳам Русия ва ҳам минтақа, манфиатбахш буд. Албатта ҳадафи ин роҳ бештар пайваст кардани Русия бо минтақа ва мубодилаи бештари тиҷоратӣ ва қабл аз ҳама, ба нафъи Русия буд. Дертар дар минтақа телеграф ва почта таъсис ёфт, ки то ин дам дар Осиёи Марказӣ мавҷуд набуд.

Масъалаи барҳам додани бардадорӣ ва минбаъд комилан мамнуъ кардани одамфурӯшӣ дар қаламрави иморати Бухоро яке аз натиҷаҳои муҳиму мусбати истило ба шумор меояд. Дар банди 5 шартномаи байни Русияю Бухоро (аз 23 июни соли 1868) ва дар қарордоди Русия ва Бухоро, ки 24 сентябри соли 1873 имзо шудааст, вобаста ба ин масъала чунин таъкид шуда буд: “Минбаъд дар Бухоро абадулабад ҳодисаи нангини одамфурӯшӣ, ки зидди қонуни инсондӯстист, қатъ карда шавад”.

Ҳарчанд муҳаққиқи рус В.Н.Чариков хулоса кардааст, ки “ғуломдорӣ дар Бухоро, ки бо шариати ислом асос ёфтааст, назар ба ғуломии сиёҳпӯстон дар Амрико инсонгароёна аст”, аммо бардадорӣ хилофи фитрати инсону шарофату наҷобат аст ва барҳам задани он қадаме дар эътилои ҷойгоҳи инсон ва шинохти каромати он мебошад.

Агар истеъмори Русро бо истеъмори Британия, Фаронса, Ҳолланд, Испания, Белгия ва дигар кишварҳои аврупоӣ қиёс кунем хоҳем дид, ки истеъмори рус ба сабаби камтаҷрибагии он дар баҳракашӣ аз қавмҳои шикастхӯрда ва муносибат бо мардуми маҳаллӣ равиши беҳтар доштааст. Зеро доиёни тамаддуни модерн – кишварҳои аврупоӣ бар хилофи шиорпароканиҳои худ, дар қитъаи Африқо ва Амрикову Австралия бо мардуми бумии ин минтақаҳо бардадориву ғуломфурӯшӣ ва наслкушии бумиёнро раво диданд, ки хилофи тамоми арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои башардӯстӣ буда, ин корномаи нангини онҳоро таърихи башар дар хотира худ маҳфуз доштааст.

Аммо… истеъмор истеъмор аст

Ҳарчанд қонунҳои давлати рус баробарии русҳову ғайрирусҳо дар умури давлатдориву шаҳрвандиро тазмин мекарданд, вале воқеият чизи дигар буд. Дар назди политсия ва низоми додгустариву судӣ ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ поймол мегашт. Дар масъалаи ҳуқуқи интихобӣ ва интихоб шудан ба вазифаҳои давлатӣ ё мақомоти дигар, аз ҷумла қонунгузорӣ яксон набуд. Аз ҷумла, вақте дар ҳудуди вилояти Туркистон соли 1907 ба Думаи давлатии Русия намояндагонро интихоб карданд, 10% аҳолии рус баробари 90% ғайрирус намоянда доштанд. Аммо дертар ҳамин имтиёз низ барои ғайрирусҳо барҳам дода шуд.

Соли 1898 генерал-губернатори Туркистон С.М. Духовский пешниҳод намуд, ки барои нигоҳ доштани курси тангаи бухороӣ, онро бо тангаҳои махсус- “билон” иваз карда шавад, ки дар як тарафи он арзиши он бо русӣ ва тарафи дигараш бо забони форсӣ навишта шавад. Вале ин пешниҳод аз ҷониби Вазорати молия бо қатъият рад карда шуд. Зеро аввал он, ки бо ин роҳ масъала ҳаргиз роҳи ҳалли худро намеёфт, баъдан дар як танга насб кардани нишони ду давлат ҳам Русия ва ҳам Бухоро ин баробарии ду давлатро ифода хоҳад кард, ки барои шаъну шавкати Русия ҳаргиз қобили қабул намебошад. Ниҳоят, моҳи апрели соли 1900 Николаи II қарореро ба имзо расонд, ки мувофиқи он ба сикка задани пул дар Бухоро хотима дода шуд, ки ин зарбаи навбатие ба давлати Бухоро буд.

Омадани русҳо бо соҳиб шудани онҳо ба манобеи обии минтақа ва назорати он ҳамроҳ буд. Аз ҷумла, вақте Самарқанд як шаҳри русӣ гашту Бухоро маркази иморати ниммустақил, мушкили обро барои Бухоро ба миён овард. Аҳмади Дониш низ ин мушкилро таъкид кардааст ва рӯзноманигори англис Добсон низ дар хотироти худ ба ин воқеият ишора мекунад. Гоҳе тамоми зироати бухориён талаф мешуду хушксолӣ ба миён меомад. Бар асари тақсимоти соли 1902 аз се ду ҳиссаи об ба Самарқанд, ки дар ишғоли русҳо буд, дода шуд ва танҳо як ҳисса ба Бухоро расид.

Дигар паёмади истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия ин таъсиррасонӣ ба муҳити фарҳангӣ ва фазои маънавии минтақа буд. Маъмурони давлати Русия то ҳамла ба Осиёи Миёна бо муҳимтарин қутби ҷаҳони ислом – давлати Усмонӣ борҳо ҷангида, онро душмани худ мешумурданд ва табиист, ки исломро низ рақиби асосии худ дар минтақа медонистанд. Баъзе раҳбарони рус дар минтақа (назири Кауфман ва Крижановский) барои нуфузи Русия ва коҳиши таъсири ислом забону фарҳанги русиро муассир донанд, баъзе дигар дар муҳоҷиркунии фирқаҳои ғайриправослав ба дохили Осиёи Миёна низ коҳиши нуфузи дини исломро меҷустанд. Аз ҷумла, пайравони фирқаи масеҳии (протестант)-и менонитро генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман ба Осиёи Миёна оварда, онҳоро аз хидмати низомӣ дар артиш ва пардохти молиёт озод намуд.

Бо омадани русҳо ба Осиёи Миёна зарбаи шадид ба забони форсӣ ворид гардид. Зеро бештари тарҷумонҳои русҳо дар минтақа тоторҳо буда, иллати дигар беэътиноӣ бо забони форсӣ забони дувуми ислом, инчунин забони ҳамаи руҳониёни ислом будани он ба шумор мерафт. Ин ҷо душмании деринаи Русия бо Эрон, ки дар асрҳои XIX – аввали асри XX ба авҷи худ расид, низ таъсиргузор будааст. Агар забони ҳуҷҷатгузории қабл аз омадани русҳо ва панҷоҳ соли баъди истилои сарзаминамонро мурур кунем, коҳиши мақоми забони форосиро метавонем мушоҳида намоем.

Таҷрибаи беш аз 150-солаи ҳамзистии тоҷикону дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо русҳо нишон дод, ки ҷомеаи кишвари Русия ба душворӣ халқҳои ғайрирусро “худӣ” меномад. Ширкати Манижа Сангини овозхон дар як озмуни байналмиллаӣ аз номи Русия норозигии тамоми мардуми Русия ба шумули раҳбари палатаи болоии порлумони ин кишварро ба миён овард. Ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки ҷомеаи Русияи муосир ҳатто як фардеро ки русзабон асту аз решаҳои забонӣ ва фарҳангии худ бурида, аз худ намедонад. Дар ҳамин ҳол шаҳрдори кунунии Лондон (Содиқхон) ва нахуствазири феълии Британия (Риши Сунак) аз сарзамини Ҳиндустонанд, ки то соли 1947 мустаъмараи Британия буд. Аввалӣ мусулмон асту дувуми бар кеши ҳиндуия.

Охирин мушкиле, ки Русия бо кишварҳои кунунии Осиёи Миёна дорад он аст, ки дар давоми сӣ соли гузашта натавонист ба таври лозим дар ин кишварҳо сармоягузорӣ кунад ва онҳоро зери чатри худ нигаҳ дорад. Ҳарчанд бештари мардуми ин кишварҳо ҳанӯз ба Русия ҳамчун кишвари худӣ ва ошно нигариста, умедвориҳои зиёд аз он доранд. Мушкилоте, ки дар бист соли охир бар сари муҳоҷирони корӣ фурӯ мерезад, навъе аҳроми фишор ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон буда, мардум ва давлатмардони минтақаро рӯз ба рӯз дилсардтар месозад.

Муҳимтарин сабақи замони истеъмор ин аст, ки агар мардуми як кишвар бихоҳанд дар истиқлолу сарфарозӣ зиндагӣ кунанд, боястӣ огоҳу бедор кишварро обод созанду худкифо ва дар муқобили фасоду ситам истод шаванд, то дар коми аждаҳои истеъмори навин, ки ҳамакунун ҷаҳонро таҳдид мекунанд, науфтанд!

Сайфулло Муллоҷон

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз ахлоқи Расули Худо пайравӣ кунем
Маъюсу ноумед мабош

Матолиби пурбоздид