Истифодаи Украина аз таҷҳизоти низомии “Исроил” дар ҷанг

Ахбори минтақа

Истифодаи Украина аз таҷҳизоти низомии “Исроил” дар ҷанг

Ахбори минтақа

Бар асоси гузоришоти расида ба дафтари хабарии Қаламонлайн, бо вуҷуди ҳушдорҳои Маскав ба “Исроил”, барои аввалин бор истифодаи нируҳои артиши Украина аз таҷҳизоти низомии “Исроил” хабарсоз шудааст.

Бархе манобеи расонаӣ аз мушоҳидаи мошинҳои зиреҳии сохти “Исроил” дар даргириҳои ахири артиши Украина бо Русия, дар вилояти Херсон хабар додаанд.

Як торнамои вобста ба “Исроил”, ки хабарҳои низомиро пайгирӣ мекунад, тасовире аз мошинҳои зиреҳии сохти режими саҳюнистии “Исроил” дар ҷанги Херсонро мунташир кардааст.

Бар асоси таъкиди Ukraine Weapons Tracker, барои аввалин бор дида шудааст, ки артиши Украина дар ҳоли истифода аз мошинҳои зиреҳии “Исроил” ҳастанд.

Албатта ҳеч иттилое дар бораи ин ки чӣ гуна ин мошинҳо дар Украин зоҳир шудааст, дар дастрас нест ва масъулини исроилӣ ва украинӣ низ вуҷуди мошинҳои низомии исроилӣ дар артиши Украинаро таъйид накардаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Президенти Қирғизистон: Баҳсҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд!
Умед доштан – ҳамаи зиндагист!

Матолиби пурбоздид