Итоати Худо ва итоати ғайри Худо
Итоат ва қудрате, ки аз ҷониби Худо ва аз ҷониби намояндаи Худо набошад, итоат аз он марказе, ки он марказ, аз маркази қудрати Парвардигор илҳом нагирифта бошад, ин дар ҳадди ширк аст ё худи ширк аст.
Чаро?
Ба ин хотир, ки агарчӣ мардуме, ки итоат мекунанд, дар корҳои шахсиашон одамони мураттабу муназзам ва ботақвою парзҳезгоре бошанд, аммо ин итоат, боиси он мешавад, ки Худованд назари лутфу раҳмати хешро аз онон баргирад ва ҳатто онҳоро мубтало ба азоби худ гардонад.
Зеро итоати ғайри Худо бо ҳадафи хилқат, ки ҳамон расидан ба такомул мебошад, мунофот дорад. Ва ин кор монеи рушду такомули моддӣ ва маънавии башар мешавад.
Қаламонлайн