Иттиҳодияи Араб: “Дигар Ҳизбуллоҳро гурӯҳе теруристӣ наменомем”

Иттиҳодияи Араб: “Дигар Ҳизбуллоҳро гурӯҳе теруристӣ наменомем”
Ахбори байналмилал
Ҷонишини дабири кулли Иттиҳодияи Араб баъд аз дидор бо бархе мақомоти ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки ин иттиҳодия дигар Ҳизбуллоҳро гурӯҳе теруристӣ наменомад.
Ба гузориши Newarab, Ҳисом Закӣ, ҷонишини дабири кулли Иттиҳодияи Араб, дар ин бора гуфт: “Дар тасмимоти Иттиҳодияи Араб, пештар унвони теруристӣ барои Ҳизбуллоҳ вуҷуд дошт, ки ин унвон дар тасмимот иттихоз шуда буд ва иртиботе бо Ҳизбуллоҳ бар пояи ин тасмимот вуҷуд надошт.”
Ҳисом Закӣ изофа кард: “Кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб тавофуқ кардаанд, ки аз ин унвон истифода нашавад, чаро ки ин, роҳро ба рӯйи мо барои иртибот гирифтан мекушояд.”
Иттиҳодияи Араб дар соли 2016 Ҳизбуллоҳро ба иттиҳоми доман задани ифротгароӣ, дахолат дар умури кишварҳо ва ҳимоят аз теруризм, дар феҳристи теруристии худ қарор дода буд.
Рӯзномаи лубнонии Ал-ахбор рӯзи ҷумъа дар ин бора навишт, ки ин тасмим пас аз сафари Ҳисом Закӣ ба Бейрут ва дидори ӯ бо Муҳаммад Раъд, раиси фраксияи Ҳизбуллоҳ дар порлумони Лубнон, иттихоз шудааст.
Ин расона ишора кард, ки ин дидор дар 10 соли гузашта бесобиқа буда ва Ҳисом Закӣ баъд аз солҳо қатъи иртибот, бо мақомоти Ҳизбуллоҳ дидор кардааст.
Ал-ахбор рӯзи гузашта ба нақл аз манобеъи огоҳи худ навишт, Закӣ ба Ҳизбуллоҳ иттилоъ дода, ки ин ҷунбиш аз листи теруристии Иттиҳодияи Араб ҳазф шуда ва ин иттиҳодия мӯътақид аст, ки Ҳизбуллоҳ нақши басазое дар ояндаи Лубнон дорад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афганистан обогнал Таджикистан по зарплатам
Як донишманди исроилӣ хостори ҳамлаи атомӣ ба Эрон шуд

Матолиби пурбоздид