Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ба таҳрими иқтисодии кишварҳои ҳатток ба Қуръони Карим фатво дод

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ба таҳрими иқтисодии кишварҳои ҳатток ба Қуръони Карим фатво дод

Ахбори ҷаҳони ислом

Ба гузориши Рarstoday, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар фатвое хостори таҳрими иқтисодии кишварҳо ва афроди ҳатток ба муқаддасоти исломӣ, аз ҷумла Қуръони Карим шуд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон ба қонунӣ будан ва машрӯияти таҳрими иқтисодии кишварҳову афроде, ки ба мабонии ислом иҳонат мекунанд, фатво дод.
Ин иттиҳодия аз кишварҳои исломӣ хост аз тариқи дипломатӣ ва бар асоси мавозини байналмилалӣ ба нақзи муқаддасоту мабонии исломӣ эътироз кунанд. Ин дар ҳолест, ки таҳрими маҳсулоти кишварҳои иҳонаткунанда ба ислом бар уҳдаи уламои ҳар кишваре гузошта шудааст, ки ба фоидаву зазари бархоста аз ин таҳрим огоҳӣ доранд.

Ин иттиҳодия бо истинод ба аҳодиси набавӣ эълом кард:

Ин иқдом дар чорчӯби «ҷиҳод бо амвол» қарор дорад, ки шомили парҳез аз муомила бо мушрикон аз тариқи хариду фурӯш аст.

Кумитаи фиқҳу фатвои вобаста ба Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ин мавзӯъро баррасӣ намуда ва эълом кард:

Истифодаи мусалмонон аз таҳрим, бидъат ё нақзи назми ҷаҳонӣ нест. Ҳамчунин истифодаи торихӣ аз таҳрими иқтисодӣ тавассути мусалмонону ғайримусалмонон яке аз равишҳои фишору боздорандагӣ дар муқобила бо тарафи дигар ба манзури посух ба мутолиботи хос ё дурӣ аз сиёсати хоссе ба шумор меравад.
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон сӯзондани як нусха аз Қуръони Карим бо таъйиди давлати Шветсияро ба шиддат маҳкум кард ва аз давлатҳои исломӣ хост то бо эҳзори сафирони Шветсия ва дархости узрхоҳӣ аз онҳо ва дифоъ аз муқаддасоти уммати исломӣ, ки бартарини онҳо Қуръони Карим аст, мавзеи қотеъ дар пеш гиранд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти беш аз ду ҳазор фаластинӣ тавассути Исроил
Амрико монеи судури баёнияи Шӯрои амният дар маҳкумияти “Исроил” шуд

Матолиби пурбоздид