Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ҳамлаи Исроил ба Яманро маҳкум кард

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Яманро маҳкум кард

Ахбори байналмилал

Iumsonline

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ки мақарри он дар Қатар қарор дорад, бо судури баёнияе, ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба Яман ва мардуми бедифои ин кишварро маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи расмии ин созмон, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон бо судури баёнияе, ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба Яман ва мардуми бедифои ин кишварро маҳкум кард.

Дар матни баёния омадааст:

“Режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи ахири худ, бандари Ҳадидаи Яманро бомбборон кард, ки мунҷар ба кушта шудани бисёре аз мардуми ғайринизомӣ шуд. Ин ҳамлаи ваҳшиёна боиси амиқтар шудани захмҳои яманиҳое мешавад, ки солҳост аз ҷанг ва муҳосара ранҷ мебаранд. Худованди Мутаол мефармояд:

وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُونَ

“Ва касоне, ки ситам кардаанд, ба зудӣ хоҳанд донист ба куҷо бозхоҳанд гашт.” (Шуаро/227)

Дар идомаи ин матн омадааст: “Ин ҳамалот мунҷар ба бесуботии минтақа ва бурузи мавҷи ҷадиде аз хушунатҳо ва даргириҳо хоҳад шуд, ки паёмадҳои он на танҳо мардуми Яман, ки ҳамаи мардуми минтақаро дарбар хоҳад гирифт.”

Ин баёния меафзояд: “Мо ин ҷинояти шанеъро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкум мекунем ва онро нақзи ошкори қавонин ва ҳинҷорҳои байналмилалӣ медонем ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем барои таваққуфи ин иқдомоти таҷовузкорона ва ҷилавгирӣ аз бадтар шудани авзоъ, иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.”

Дар бахши поёнии ин баёния омадааст: “Дар айни ҳол, бар ҳимояти комили худ аз ҳар гуна талош барои таваққуфи таҷовуз ва дастёбӣ ба сулҳу сабот дар Ғазза таъкид мекунем ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем режими саҳюнистиро барои пазириши тавофуқи пешниҳодии табодули асирон таҳти фишор қарор диҳад. Ҷангро як бор барои ҳамеша мутаваққиф кунед, зеро ҷанг чизе ҷуз вайронӣ ва харобӣ ба армуғон намеоварад. Аз Худованди Мутаол барои шуҳадои Яман ва Ғазза раҳмат ва омурзиш ва барои маҷрӯҳонашон шифои зудҳангом масъалат дорем ва хостори густариши сулҳу адолат дар саросари ҷаҳон ҳастем.”

Ин баёнияро Алимуҳаммад Салобӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ва Алӣ Қарадоғӣ, раиси ин иттиҳодия имзо кардаанд.

Iumsonline

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шайхурраис Буалӣ Сино – II
Номаи ҷавонони белжикӣ хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ

Матолиби пурбоздид