Ихвон-ул-муслимин: бӯҳрони созмонӣ ва тавонмандиҳои рӯ ба уфул

Таҳлили хабарӣ
Ихвон-ул-муслимин: бӯҳрони созмонӣ ва тавонмандиҳои рӯ ба уфул
Таҳлиле дар сойти “Донишкадаи Вошинтун барои сиёсати Ховари наздик”
Бӯҳронҳои дохилии мудовими Ихвонул-муслимин, ки замоне як ҷунбиши сиёсии ғолиб буд, боиси иншиъоби даруни ин гурӯҳ ва дур шудани ин ҷараён аз конуни таваҷҷӯҳот шудааст.
Ихвонул-муслимини Миср дар солҳои ахир ба унвони як гурӯҳи сиёсӣ бо фишори қобили таваҷҷӯҳе аз сӯйи давлати Миср бо бӯҳронҳои мутааддиде дасту панҷа нарм кардааст. Бо чолишҳои дохилии фазояндае низ мувоҷеҳ шуда ва ҳамзамон, ки ба унвони гурӯҳи сиёсии опозисион шинохта мешавад, бо ташдиди мунозеъоти дарунӣ мувоҷеҳ будааст. Арзиши баррасӣ дорад, ки ин нерӯи сиёсиро, ки замоне қудратманд буд ва акнун дар арсаи сиёсӣ ба ҳошия ронда шудааст мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Аз ин манзар шиносоии тағйирот дар идеулужӣ ва сохтори созмонии ин гурӯҳ муфид аст.
Чолишҳои созмонии тӯлонимуддати Ихвонул-муслимин барое чандин даҳа омили таъйинкунанда дар равобити он гурӯҳ будааст. Дар тӯли таърих шикастҳои созмонии дохилии он ҷараён дар бӯҳронҳои сиёсие, ки барояш рух дода, нақш доштааст. Ин вазъият сирфан бадтар шуда, зеро он гурӯҳ ба дунболи мавқеияти байналмилалӣ аст ва дар бархӯрд бо давлатҳои миллӣ бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст.
Мутмаиннан давлати Миср фишори хориҷии қобили таваҷҷӯҳе бар Ихвонул-муслимин эъмол кардааст. Пас аз поёни даврони зимомдории Ҳусни Муборак ва ба вежа ба дунболи барканории Муҳаммад Мурсӣ аз қудрат дар соли 2013, давлати Миср ба дунболи ҷойгузинҳое барои муқобила бо Ихвонул-муслимин буд ва акнун сиёсати мубориза бо он гурӯҳ аз тариқи табақабандии Ихвонул-муслимин ба унвони як созмони теруристиро дар дастури кор қарор додааст.
Давлати Миср истидлол мекунад, ки Ихвонул-муслимин таҳдиде барои мисриҳо маҳсуб мешавад ва беш аз 90 сол манбаъи ифротгароӣ будааст. Бо ин вуҷуд, он гурӯҳ ба далели ихтилофоти дохилӣ низ мутаҳаммили шикаст шудааст. Ихвонул-муслимин пас аз соли 2013 ба далели паёмади барканорӣ аз қудрат дар як бӯҳрони созмонӣ фурӯ рафт. Шикофҳои баъдӣ дар раҳбарии Ихвонул-муслимин дар соли 2021 ба нуқтаи авҷи худ расид замоне, ки ба ду ҷараёни аслӣ ва гурӯҳҳои мухталифи кӯчактар тақсим шуд.
Бо интиқоли раҳбарии Ихвонул-муслимин ба хориҷ аз Миср мушкилоти сохтори дохилии он ошкортар шуд. Он гурӯҳ дар ин замина бо ду монеъи аслӣ рӯбарӯ буд. Нахуст, байни ҷиноҳҳои мухталиф бар сари ҳавзаҳои қазоӣ даргирӣ пеш омад ва дуввум он ки ихвониҳо бо чолишҳои амниятии минтақаӣ мувоҷеҳ шуданд, ки тазъифи инсиҷоми созмонии онҳоро ба дунбол дошт. Дар канори инҳо, муноқашот бар сари пур кардани халаъи раҳбарӣ ҳамчунон як мушкили мудовим барои Ихвонул-муслимин будааст.
Ҷунбиши Ихвонул-муслимин шоҳиди уфули арзишҳои худ будааст ва алорағми таъкиди идеулужики он гурӯҳ бар итоати дарунсозмонӣ ва сохтори силсиламаротибӣ, саботи дохилӣ дар Ихвонул-муслимин беҳбуд наёфтааст.
Аз манзари идеулужӣ, он гурӯҳ муддатҳост, ки аз истидлолҳои мутафаккирони марказии худ яъне Ҳасан ал-Банно ва Сайид Қутб барои муқассир ҷилва додани омилҳои берунӣ истифода мекунад ва омилҳои дарунсозмониро омили эҷоди мушкилот намедонад. Дар тӯли тавсиаи аввалияи Ихвон умдатан аз навиштаҳои Ҳасан ал-Банно дар робита бо қудрат, ҳукумат ва давлат пайравӣ мекард, аммо ин чорчӯб барои муқобила бо тағйироти мудовим дар назми ҷаҳонӣ ва дар дохили давлат-миллат нокофӣ буд. Бархе аз аъзо ба ҷойи пардохтан ба ин костиҳо ва бидуни доштани барнома, бар ин бовар буданд, ки барои гурӯҳ муҳим аст, ки аз кори сиёсӣ фосила бигирад ва дар иваз ба мавъиза ва иршоди иҷтимоӣ рӯй оварад.
Ихвонул-муслимин бо истифода аз ривояти Сайид Қутб бар ин ақида аст, ки ҷаҳони берун муқассир аст. Сайид Қутб истидлол мекард, ки зимоми қудрат ва ҳукмронӣ сирфан бояд ба раҳбарони бофазилат супурда шавад. Он созмон бо илҳом аз ин идеулужии маврусӣ аз Ал-Банно ва Қутб, нокомиҳои сиёсии худро дар тӯли солиёни мутамодӣ тафсир кардааст. Ин амр амалан ҳар гуна талошеро барои арзёбии созмон аз дохил ва тарҳи ҳар гуна ибтикори амалеро масдуд месозад.
Он чи барои Ихвон боқӣ монда гуфтумоне аст, ки мазомини сахте, фидокорӣ ва машияти илоҳӣ бар он ҳоким аст. Дар ин гурӯҳ таъаҳҳуди камтар ва коҳиши вафодорӣ дида мешавад. Устураҳои созмонӣ натавонистаанд инсиҷоми гурӯҳро тақвият кунанд; зеро гурӯҳҳои кӯчактаре аз ҷараёни аслии Ихвон муншаъиб шудаанд; амре, ки қобилиятҳои ҷамъии он ҷараёнро тазъиф кардааст.
Бидуни ҳофизаи созмонии мунсаҷим, ҳар гуна талош барои арзёбии Ихвон роҳе ҷуз шурӯъ аз сифр надорад. Гузораҳои мухталиф нишондиҳандаи фуқдони чорчӯби мафҳумӣ барои ёфтани роҳи ҳал ва беалоқагӣ дар баҳси масъулият ё иллият бо таваҷҷӯҳ ба масирҳои сиёсӣ ва созмонӣ аст. Ин амр монеъ аз эҷоди зарфияти билқувваи тағйир ва истидлоли мустақил (иҷтиҳод) шуда ва интибоқи Ихвон бо шароити кунунӣ ё тавзеҳи ин ки чаро он гурӯҳ шикаст хӯрдаро душвортар сохтааст.
Бӯҳронҳои зотии Ихвонул-муслимин бозтобдиҳандаи коҳиши сармояи иҷтимоии он ҷараён аст, зеро ҳалқаҳои раҳбарии нухбагони ҷараён дар ҳоли фарсуда шудан ҳастанд ва аъзояш он ҷараёнро тарк мекунанд. Агарчӣ қарор буд озодии амали раҳбарон дар табъиди Ихвонул-муслимин дар хориҷ аз кишвар тавоноиҳои гурӯҳро мунсаҷим ва муттаҳид созад, бо ин вуҷуд, дар амал акси он рух додааст. Он гурӯҳ дар ҳоли талош барои эъмоли контрол бар шохаҳои мутааддиди худ аст, дар ҳоле, ки зарфиятҳои идеулужики маҳдуди он ҷараён ёфтани роҳҳои хуруҷ аз бӯҳронро тақрибан ғайримумкин сохтааст.
Илова бар он, Ихвонул-муслимин натавонист гуфтумони худро бо шароити сиёсӣ мунтабиқ созад ва аз ислоҳталабӣ ба самти хашм ҳаракат кардааст бидуни он ки битавонад тафосири тозае эҷод кунад, ки мунтабиқ бо ниёзи он гурӯҳ барои муртабит мондан бо ҷомеа ва тавсиаи равобити он бошад. Талошҳои ихвониҳо барои наздик шудан ба давлат дар чорчӯбе аз мунозеъот шакл гирифтааст. Баҳси Ихвонул-муслимин дар бораи гуфтугӯи миллии Миср дар соли 2022 бар адами итминон дар мавриди оянда ва адами омодагӣ барои тағйир ва ҳамчунин тасбити фарҳанги сиёсӣ ҳавли қудрат ва тағйир аз боло ба пойин мутамаркиз шуд. Ин амр нишондиҳандаи инҳироф аз орои суннатии мубтанӣ бар ислоҳоти Ихвонул-муслимин буд.
Ихвон ҳамчунин фоқиди нуфузи иқтисодии қобили исбот аст. Он ҷараён дар солиёни ахир ҳеч гуна таъсиргузорие бар сиёсатгузориҳои молӣ ва пулӣ надошта ва натавониста шабакаҳоеро созмондиҳӣ кунад, ки бар сармоягузории хориҷӣ таъсир бигузорад. Давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба ҷуз дар мавриди озодии зиндониён то ҳадди зиёде иқдомот ва хостаҳои Ихвонул-муслиминро нодида гирифтаанд. Бо тадохули бӯҳронҳои идеулужик, иҷтимоӣ, созмонӣ ва иқтисодии Ихвонул-муслимин, он ҷунбиш дар ҳоли гузор ба навоҳие мунзавӣ ва так афтода бо мухотабоне маҳдуд аст. Ин амр ҷазби тарафдорони густурдатар ва ҳифзи иртиботи сиёсиро барои он гурӯҳ душвортар месозад.
Washingtoninstitute
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Подполковники милитсия ба ҷурми одамрабоӣ дастгир шуд
Чӣ гуна Омрико шартбандии худ бар рӯйи Эронро бохт?

Матолиби пурбоздид