Ихтилофоти дохилӣ дар кобинаи Натонёҳу
Паёми сиррии Галлант ба Натонёҳу пеш аз ҳамла ба Эрон
Ахбори байналмилал
Times of Israel
Як расонаи давлатии исроилӣ муҳтавои номаи вазири дифои Исроил Йоав Галлант ба нахуствазири ин режим Бенёмин Натонёҳу ва аъзои кобина танҳо чанд соат пеш аз таҷовузи низомӣ ба Эронро фош кард.
Times of Israel гузориш дод, ки танҳо чанд соат пеш аз ҳамлаи бомдоди рӯзи 26 октябр ба Эрон, Йоав Галлант ба Натонёҳу ва аъзои кобина паёми “маҳрамона ва изтирорӣ” ирсол кардааст.
Бар асоси ин гузориш, вазири дифоъи Исроил ин мавзӯъро гӯшзад кард, ки ҷанге, ки Исроил ба роҳ андохта, бо афзоиши таҳдидот алайҳи давлати ин режим, шурӯъ ба тағйири решаӣ ва асосӣ кардааст.
Вай дар ин нома бо интиқод аз адами барӯзрасонии аҳдофи ҷанг, гуфт, ки “ҷанг бидуни ҳеч қутбнамое пеш меравад ва ин амр ба идораи ҷанг ва тасмимоти кобина осеб мезанад”.
Галлант бо ишора ба таҳаввулоти бузург дар тӯли ҷанг, таъкид кард, ки таҳаввулоти ахир бавежа табодули ҳамалот байни Эрон ва Исроил ниёз ба гуфтугӯ ва баррасӣ дорад ва бояд аҳдофи ҷанг бо нигоҳе фарогир ба майдонҳои мухталифи набард таъйин ва барӯз шавад.
Вай дар ин нома, дидгоҳи худ дар бораи аҳдофи ҷанг дар арсаҳои мухталифро тавзеҳ дод. Дар хусуси Ғазза, ӯ пешниҳод кард, ки барои “тасбити як воқеияти бидуни таҳдиди низомӣ” талош шавад. Аммо дар бораи Лубнон хостори “эҷоди як воқеияти амниятӣ, ки ба сокинони шимоли Исроил иҷозаи бозгашт ба манозилашон дар наздиктарин замони мумкинро бидиҳад”, шуд.
Галлант дар хусуси Эрон, бар зарурати “боздорандагӣ ва дар айни ҳол дур нигаҳ доштани он аз ҷанг” таъкид кард.
Дар бораи каронаи Бохтарӣ низ, ҳадафи “ҷилавгирӣ аз шӯълавар шудани оташи хушунат бо хунсосозии теруризм”-ро таъйин кард.
Ин расона бо ишора ба боло гирифтани ихтилофот миёни Галлант ва Натонёҳу гузориш дод, ки нахуствазири ин режим ба шарикони ҳаридии худ дар эътилофи кобина эълом кардааст, ки имкони барканории вазири дифоъ пас аз ҳамла ба Эрон муяссар аст.
Қаламонлайн