Кабирӣ: Аҳмадшоҳ Масъудро Муҳаммадалӣ Ҳаит аз терор наҷот дода буд

Кабирӣ: Аҳмадшоҳ Масъудро Муҳаммадалӣ Ҳаит аз терор наҷот дода буд
Дар онҷо ҳатто гардонҳо (баталйон)-и махсуси мусалмонон, аз ҷумла тоҷикон таъсис дода шуда буд.
Чун забони тоҷикӣ ва форсӣ-дарии Афғонистон ба ҳам хеле шабеҳанд ва ҳамдигарро ба хубӣ мефаҳманд.
Ва тақрибан 80 дарсади мутарҷимони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон тоҷикони Тоҷикистон буданд.
Ҳатто баъдтар бархе аз мақомдорони волои артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон, ки тоҷик буданд, ҷузъи ҳаракати мо гаштанд.
Аз ҷумла, яке аз онҳо устод Муҳаммадалӣ Ҳаит аст, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад ва умрбод маҳкум шудааст.
Ӯ яке аз фармондеҳони бузурги артиши Шуравӣ дар Афғонистон буд ва дӯсти Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам буд.
Боре ӯ Аҳмадшоҳ Масъудро аз як амалиёте, ки бояд бар зиддаш дар Панҷшер анҷом мешуд, огоҳ сохта буд.
Бо ин кораш Аҳмадшоҳ Масъудро аз марг наҷот додааст.
Ҳатто Аҳмадшоҳ Масъуд дар ёддоштҳояш инро навиштааст, ки як фармондеҳи тоҷик бо ин ном (яъне Муҳаммадалӣ) ӯро аз амалиёти мазкур огоҳ сохта ва ҷонашро наҷот додааст.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро эҳтимол дорад Путин дубора ба Тромп кумак кунад?
Дар ҳошияи хабарҳои боздошти Абдуқодири Рустам

Матолиби пурбоздид