Касе ки торихро мутолиа мекунад…
Касе ки торихро мутолиа мекунад, ҳаргиз дар дилаш ноумедӣ роҳ намеёбад.
Ва ин дунёро чунин хоҳад ёфт, ки Худованд онро байни мардум даст ба даст мегардонад.
Мебинад, ки сарватмандон бенаво мегарданд ва бенавоён сарватманд мешаванд.
Ва нотавонони дирӯз, имрӯз тавонгар.
Ва ҳокимони дирӯз, имрӯз бехонумон.
Ва қозиҳо дар ҷойгоҳи муттаҳамон.
Ва пирӯзмандон, шикастхӯрда.
Ва фалак дар ҳоли чархиш.
Ва зиндагӣ бардавом.
Ва ҳаводис аз ҷараёни худ бознамеистад.
Ва мардум курсиҳоро байни худ доду ситад мекунанд.
Ва на ҳеч ҳузну андӯҳе пойдор ва на ҳеч фараҳу шодие бардавом.
Дуктур Мустафо Муҳмуд
Қаламонлайн