Кашфи шабакаи ҷосусии Исроил дар Эрон

Кашфи шабакаи ҷосусии Исроил дар Эрон

Кашфи шабакаи ҷосусии Исроил дар Эрон ба баракати “Тӯфон ал-Ақсо”

Ахбори байналмилал

fararu

Носир Абӯшариф, намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, дар мавриди амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” гуфт: “Дар ин амалиёт 50 пойгоҳи Исроил ба тасхири муқовамат даромад ва муқовамат муваффақ шуд серверҳои иттилоотии Исроилро ба дохили Ғазза биёварад, ки дар ин серверҳо номи бисёре аз ҷосусони режими саҳюнистӣ ҳатто ҷосусҳои дохили Эрон вуҷуд дошт.”

Ба гузориши Фарорӯ, Абӯшариф тасреҳ кард: “Ҳадаф аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” талоше барои нақши бар об кардани тавтиа алайҳи Фаластин буд, режими саҳюнистӣ дар чорчӯби “Тавофуқи Иброҳим” (Соглашение Авраама), дар талош барои оддисозии равобит бо кишварҳои арабӣ ва исломӣ буд. Дар ин тавтиа, ки бо меҳварияти Омрико ва кишварҳои арабӣ сурат гирифт, зарба ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дастури кори саҳюнистҳо қарор дошт.”

Намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломи афзуд: “Дастовардҳои амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” беш аз ҳадди тасаввур аст, 50 пойгоҳи Исроил ба тасхири муқовамат даромад ва бисёре аз низомиён кушта шуданд. Дар ин амалиёт муқовамат муваффақ шуд серверҳои иттилоотии Исроилро ба дохили Ғазза биёварад, ки дар ин сервер номи бисёре аз ҷосусҳо ҳатто ҷосусҳои дохили Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дошт.”

Вай, бо таъкид бар ин ки ин амалиёт чеҳраи ҳақиқии Исроилро ифшо кард, гуфт: “Ин амалиёт нишон дод, режими саҳюнистӣ ба танҳоӣ қодир ба идомаи ҳаёт нест, ҳатто шоҳиди ҳузури Бойден дар утоқи амалиёти ҷанги режими саҳюнистӣ будем, ҷомеаи саҳюнистӣ то қабл аз 7 октябр ба сохтори иттилоотии худ итминон дошт ва ин итминон баъд аз амалиёт салб шуд.”

Абӯшариф амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”-ро зарбаи муҳлике бар иқтисоди Исроил ва санойеъ ва кишоварзии ин режим баршумурд ва ёдовар шуд: “Имрӯз ин режим маҳбубияти худ дар Ғарбро аз даст дода ва раҳбарони ғарбӣ дар ҷаласоти хусусии худ эътироф мекунанд ин режим бори сиёсии иқтисодӣ барои онҳо шудааст.”

fararu

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амалиёти шаҳодатталабона дар Байтулмуқаддас
Дарсҳое аз зиндагии Нелсон Мондело

Матолиби пурбоздид