Китоб ва мушкилоти ҷомеа

Фарҳанг
Китоб ва мушкилоти ҷомеа
Ҳафиз Раҳмон
“Оташ задани китоб ҷиноят ва аз ин ҳам ҷинояти вазнинтар нахондани китоб аст…”
РЭЙ БРЭДБЕРИ
Шукр, ки банда мухлисони зиёде дорам ва яке аз онҳо (аз эҳтиром номашро намегирам) бо эҳсос дарди дил кард тақрибан ба ин мазмун: мардум аз камбуди оби гарму барқу нақлиёт ва дигар мушкилоти зиндагӣ шикоят мекунад, шумо пайиҳам аз озмуни китобхонӣ менависед… Чӣ лозим ин таблиғу ташвиқ ва барои кӣ даркор? Китоб ҳамон вақт эътибор дорад, ки зиндагӣ роҳат ва мардум зиндагии сер пур дошта бошанд… Шумо китоб мегӯеду китоб, хондан мегӯеду хондан… Ба кӣ лозим ин навиштаҳои Шумо???
Тақрибан ҳамин навъ гилагузорӣ, бо ҳамин маънову мазмун… Ҳарчанд он касро дуруст намешиносам, аммо аз навиштораш маълум, ки одами баде нест, модом ки навиштаҳои гуногунро мехонад, яъне шахси огоҳ аз тарзи зиндагии имрӯза ва бохабар аз неку бади ҳаёт… Ҳамин бо шӯру эҳсос навиштанаш гувоҳи одами дилсӯз буданаш ҳам ҳаст… Шояд дар хонааш барқ набошад, ё оби гарм, шояд лағжидану уфтодани одамонро дар истгоҳҳо дидааст, ё шояд дар муҳоҷирати корӣ бошаду оилааш эҳтиёҷ ба молу коло дорад…
Одати мардуми мост, ки то ба мушкиле гирифтор нашавад, чизе бо таъну маломат ва шиква наменависад…
Хуб, масъала фаҳмост, аммо онро бо китобу китобхонӣ ва аз озмуни “Фурӯғ” мудом суҳбат кардани мо чӣ робитае ҳаст? Банда ягон масъулияти беҳ кардани шароити мардумро надорам, барои ин кор як гурӯҳ мансабдорону мутахассисон масъуланд, буд шуд як тан аз мубаллиғони китоб ҳастам ва рисолатам ҳамин аст, ки мардумро ба китоб ҳамчун манбаи донишу фаросату одамият ҷалб кунам… Аслан рисолати банда ҳам нест, барои ин кор вазорату кумитаву мақомоти гуногуне ҳаст…
Фикр мекунам, ки модом ки муроҷиат шуд, посух гуфтан лозим меояд. Ин шахс танҳо нест, шояд садҳо ё ҳазорон касоне бошанд, ки айнан чунин андеша доранд: китоб, савод, дарёфти тахассус ва ғайра, ки зинаҳои камолоти одам ба шумор мараванд, чӣ зарурат доранд, дар ҳоле ки зиндагӣ ба назму тартиб ва тараққиву инкишоф эҳтиёҷ дорад. Яъне саводу дониш ҳамон вақт эътибор пайдо мекунад, ки барои беҳ шудани зиндагӣ муосидат кунад, дар сурати ғайр, эътибораш ба хок яксон мешавад… Мантиқан дуруст, аммо…
Аммо, агар ин муамморо аз реша биҷӯем, хоҳем дид, ки сарчашмаи тамоми мушкилоту проблемаҳо ҳамин китоб нахондан аст… Китоб хондан саодат аст ва китоб нахондан фоҷиа… Илм собит кардааст, ки беҳтарин фурсати ба китоб одат кунонидани тифлон синни аз чор то шашсолагист. Ҳамин ки кӯдак аз синни шаш ба ҳафтсолагӣ бидуни китоб қадам зад, дигар одат карданаш ба китобхонӣ амри муҳол хоҳад шуд…
Мисоли дигар. Агар то 18-солагӣ наврас ба китобхона нарафт, дигар ба занҷир ҳам бубандед, ба ин макон намеравад, чунки дар мағзаш ҳамин андеша ҷо мегирад, ки бидуни китобхона ҳам зистан мумкин аст… Мо садҳо донишҷӯро дидаем, ки бе рафтан ба китобхона ва ҳатто бе хондани китоб ҳам донишгоҳро хатм кардаанд ва солҳост, ки хатм мекунанд… Мисли он ки ҳатто баъзеҳо даҳ китоб нахонда номзади илм мешаванд ва ҳатто доктори илм… Бархе унвонҷӯён ҳатто пайхас намекунанд, ки чӣ навъ “олим” шудаанд… Бо ин мисолҳо дар замони мо касеро дар ҳайрат гузоштан мумкин нест… Гӯё ҳама медонанд…
Ба ин ҷо мерасем, ки сарчашмаи тамоми нуқсу иллат ва мушкилоту н-осудагиҳои ҳаёт чизи дигаре нест, ба ҷуз эътибор надодан ба китоб… Албатта, ҳадафи китобхонӣ ҳам гуногун аст: яке барои камолоти худаш мехонад, дигаре барои зарурат (масалан, бояд аз озмуни мансаб ё ҷойи кори муносиб гузарад, вақти холиашро гузаронад, барои маърӯза дар анҷумане омодагӣ бинад ва даҳҳо сабаби дигар)… Бигзор садҳо сабабу зарурат бошад, аммо натиҷа якест: одам аз ҳолати пешина беҳтар мешавад, диду дарёфташ тағйир меёбад, чашмаш бинотару зеҳнаш гиротар мегардад…
Фарқи асосии миёни китобхондаҳову нахондаҳо одамият ва шафқат аст: онҳое, ки китоб мехонанд, сидқу сафо ва раҳму дилсӯзие ба зиндагии худашон ва ба ҷомеа доранд, одамони нохонда бисёр бераҳм ва золиму ҷоҳил мешаванд, парвои дигарон надоранд ва ҳамеша дар андешаи худашон банданд… Гумон намекунам, ки касе “Гулистон”-и Саъдиро хонда бошад, аз паҳлуи як кампири гадо бе додани чанд пайса бепарво бигзарад, на, чунки ин байти Саъдӣ аз гиребони виҷдонаш медорад:
Ҳар он кадхудоро, ки бар бевазан,
Тараҳҳум набошад, занаш бева бод…
Он муҳандисе, ки кафели лағжонак дар истгоҳ ба кор бурдааст ва мардум дар яхбандиҳо аз ин азият мебинанд, нохондакитоб аст ва ҳамчунин он масъуле, ки бояд аз тобистон дар андешаи гармӣ додани мардум дар зимистон мешуд… Барои як зироаткор шояд китоб лозим набошад, то бидонад, ки дар шӯразор дона намерӯяд, ин таҷриба аст, ки дар зеҳнаш ҷо гирифта… Аммо аз китоби донишмандон бояд бидонад, ки чӣ гуна он шӯразоррро ба замини ҳосилдеҳ табдил додан метавон…
Мантиқ мегӯяд, ки натиҷаи хондани китоб ҳатман дар рафтору аъмоли кас маълум хоҳад шуд. Бояд маълум шавад, вагарна манфиате аз чунин китоб хондан нест… Ҳамин тавр, ҳар сохтор ва идораву корхонае, ки фаъолияташ хуб аст, маълум, ки роҳбари китобхонда дорад, он ҷо, ки проблемаи зиёд вуҷуд дорад, роҳбараш китобнохонда аст… Агар китоб мехонд, дар сурати ноуҳдабароӣ ариза навишта аз кор мерафт, инсофу адолату виҷдону фаросаташ намегузошт, ки лаҳзае истиҳола кунад… Инҳо аз куҷое хондаанд, ки “ҳар ҷо, ки коре ҳаст, камбудие ҳаст”, ё “кор бе камбудӣ намешавад”… Ин навъ қолабҳои андеша ё стереотипҳо дар мо хеле зиёданд, мутаассифона…
Агар барои як фарди одие, ки ба ҷуз оилаву муҳити кораш дар муомилоти иҷтимоӣ нест, хондани китоб фарз бошад, ин фарз барои онҳое, ки бо мардум сару коре доранд, бояд садчанд бошад. Ҳадди ақал даҳ китоби машҳур аз адабу ҳикмат ва таъриху фарҳангро бояд хонда бошанд… Бе инҳо мудирият кардани фаъолияти мардум ва иҷрои нақшаҳои беҳ кардани соҳоти гуногуни зиндагӣ ғайриимкон аст. Гоҳо мешунавем, ки мегӯянд: барои як муҳандиси роҳ ё иқтисоддон, ё барномасоз ва ё касбу кори дигар чӣ лозим хондани китоб, вақте ки соҳаи фаъолияти худро медонад ва аз кутуби тахассусиаш баҳраҳо гирифтааст.
Гӯё дуруст, аммо ҳар коре, ки онҳо мекунанд, хоҳ роҳ месозанд ё равияи наверо дар иқтисод ба роҳ мемонанд, барномаи наве месозанд, ин ҳамаро ба хотири беҳбуди зиндагии мардум мекунанд, аз ин рӯ, шарт аст, ки феълу хулқу атвор ва равиши андеша, тарзи зист ва эҳтиёҷоти модиву маънавии мардум, фарҳанг ва вижагиҳои тамаддуни онро донанд, чунки объекти ахири муомилаашон мардум аст… Вой бар ҳоли ҳуқуқшиносе, ки сари лоиҳаи ин ё он қонун кор мекунаду намедонад, ки он қонун ба анъанаву фарҳанг ва менталитети мардум созгор аст ё на…
Ҳар кас, ки китоб мехонад, манфиате барои худаш мегирад, ҳадди ақал дунёи ботинашро ба тартиб меорад, олами берунашро бо чашми дигар мебинад, кори беҳуда намекунад ва сухани беҳуда намегӯяд. Мо беҳудагӯёни зиёдеро вомехӯрем ва боварамон намеояд, ки наход инҳо китоб намехонда бошанд… На, инҳо ҳам китоб хондаанд, аммо сарсарӣ ва танҳо барои қонеъ кардани кадом-як манфиаташон… Аз китобҳо суроғ мекунанд чизҳоеро, ки ҳамин ҳоло барояшон лозим аст… Ҳатто китоб ҳам наметавонад ин қабил ашхосро аз беҳуда гуфтан “наҷот” бидиҳад… Чунки бидуни омодагии руҳиву равонӣ хондани китоб нафъе надорад…
Хулоса мекунем, вагарна доманаи ин баҳс хеле тӯлонӣ хоҳад шуд. Китоб дар тӯли асрҳо ҳамеша мададгори башарият буд ва вазифааш дар умум рӯшан кардани торикиҳост. Торикиро рӯшании офтоб, барқ ё шамъ рафъ мекунад. Китоб ҳамин гуна рисолат дорад…
Дар оғози матлаб сухани адиби маъруф Рэй Брэдбериро ҳамчун сарсухан ё эпиграфи ин навишта овардем. Ин ҷумла, яъне “оташ задани китоб ҷиноят ва аз ин ҳам ҷинояти вазнинтар нахондани китоб аст…” аз китоби машҳури ӯ “451 дараҷа аз рӯйи Фаренгейт” иқтибос шуд: ин ном ҳамин маъниро дорад, ки дар ин ҳарорат (яъне 451 дараҷа) коғаз месӯзад… Нависанда ҷомеаеро тасвир мекунад, ки дар он китобро душмани башарият эълом кардаанд, барои ҳамин ҳар ҷо, ки китоб пайдо шуд, онро месӯзонанд. Ин ҷомеа на мустақилона қароре бароварда метавонад ва на хулосае аз ҳаводиси айём. Яъне ҳама мардуми дастнигар ҳастанд. Ҳама ба ток-шоуҳои телевизион, иттилооти ВАО ва дигар манобеи ахбор эътимод доранд, аммо китобро намеписанданд…
Андешаи меҳварии нависанда ҳамин аст, ки бидуни таҷрибаи пешиниён, ки дар китобҳо дарҷ аст, наметавон ояндаи наку сохт. Танҳо китоб аст, ки ганҷинаи донишро аз як насл ба насли дигар мебарад ва мардумро андешаманд месозад.
Андеша аз китоб ҳосил мешавад, мисли он ки аз дарахт мева мегиранд. Агар андешаи дуруст ҳосил нашуд, пас, заъфи онро аз дигар ҷо бояд ҷуст. Ба ҳар ҳол, ин мавзуи дигар аст, ки ҳоло мо имкону маҷоли баррасии онро надорем.
Бо он чӣ гуфта шуд, иктифо мекунем…
Ҳафиз РАҲМОН
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Донишманд ва марди аблаҳ
Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид