Комёбӣ ва муваффақият

Муҳоҷират

 

Комёбӣ ва муваффақият

Рамзи муваффақият

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Хондани саргузашт ва хотироти одамони муваффақ, ки дар ниҳояти кор ба пирӯзӣ даст ёфтаанд, бисёр судманд аст. Ҷолиб он ки иллати муваффақияти ҳамаи онҳо тақрибан дар як чиз будааст, ва он ин ки: ҳеч як аз онҳо дар ҳеч як марҳилаҳои ҳаёту мубориза ва пайкори худ, ба худ ноумедӣ роҳ надодаанд. Ҳатто замоне ки танҳо мондаанд, ноумед нашудаанд.

Одаме, ки ҳадафаш мушаххас аст ва ба ҳадафаш имон дорад, ӯ набояд ноумед шавад. Ноумедӣ яъне шикаст, яъне таслим.

Ин ки роҳи расидан ба ҳадаф, роҳест пурфарозу нишеб, ин табиист. Дар васати роҳ, ки бо як монеъа рӯ ба рӯ шудед, агар тавонистед аз он убур кунед, бидонед шумо як қадам ба ҳадафи худ наздиктар шудаед. Қуръони Карим ъуср (душворӣ)-ро бо юср (осонӣ) тавъам медонад, мефармояд: “Пас (бидон, ки) бо душворӣ осонӣ аст…” (Сураи Иншироҳ, ояти 5) ва ба қавли Мавлоно:

Юср бо ъуср аст, ҳин, ойис мабош,

Роҳ дорӣ з-ин мамот андар маъош.

Яъне, агар дар васати роҳ бо як душворӣ рӯ ба рӯ шудӣ, бидон, ки пас аз он, осонӣ ояд, аз ин рӯ “ойис мабош”, яъне ноумед машав.

Ва ҳам ӯ гуфта:

Ранҷу ғамро Ҳақ пайи он офарид,

То бад-ин зидд хушдилӣ ояд падид.

Бинобар ин, ҳаргиз набояд таслими яъсу ноумедӣ шуд, бояд ҳамеша шӯълаи умедро фурӯзон нигаҳ дошт ҳатто дар сахттарини ҳолатҳо ва шароит. Одамони муваффақ дар дигарон умед меофаринанд, на ин ки умедҳоро хомӯш созанд.

Ҳин, машав навмед, нур аз осмон

Ҳақ чу хоҳад, мерасад дар як замон.

Асосан, шарти муваффақияту пирӯзӣ дар ин нест, ки нерӯи шумо аз нерӯи мухолифатон бештар аст ё камтар, балки шарти комёбӣ дар ин аст, ки ҳадафатон ҳадафе муқаддас ва олӣ буда ва шумо ба ҳадафатон имон дошта бошед. Ин аст рамзи муваффақият.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳамияти китобхонӣ барои кӯдакон
Дурӯғҳои бузург ба номи ИЛМ

Матолиби пурбоздид