Корбурди вожаи илм

Фарҳанг

Корбурди вожаи илм

Мабоҳиси илмӣфарҳангӣ

Яке ду нукта перомуни вожаи илм

1) Нуктаи аввал: корбурди вожаи “илмӣ” барои ҳақоиқи таҷрибӣ, як эътибор аст.

Яъне, то замони ренусонс, вожаи “илмӣ” муродифи вожаи “фалсафӣ” буд, аммо пас аз ренусонс вожаи “илмӣ” ихтисос пайдо кард ба ҳақоиқи таҷрибӣ, яъне чунин эътибор карданд.

Вагарна, донишҳои ғайритаҷрибӣ, аз “илмӣ” будан ба маънои омми он ки хориҷ нашуданд.

Масалан, чунонки ба як физикдон олим гуфта мешавад, барои як торихнигор ва ё файласуф ё адиб ҳам олим гуфта мешавад, дар ҳоле ки равиши таҳқиқ дар торих ё фалсафа ва ё адабиёт таҷрибӣ нестанд. Мунтаҳо чунонки гуфта шуд, ба инҳо олим ба маънои омми он (на оммӣ) итлоқ мешавад.

Манзур аз омм, яъне он чӣ дар баробари хосс қарор дорад.

2) Бо ин ҳисоб, агар як нафар дар заминаи улуми динӣ (чи мусалмон бошад ё ғайри он) воқеан табаҳҳур дошта ва дар ин ҳавза мутахассис бошад, ба ӯ қатъан олим гуфта мешавад.

(Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Холид Машъал ба кишварҳои ғарбӣ: “Ба фикри минтақа баъд аз Исроил бошед!”
Барселона равобит бо Исроилро таълиқ кард

Матолиби пурбоздид