Коргарони белжикӣ аз ҳамлу нақли силоҳҳо ба Исроил худдорӣ карданд

Коргарони белжикӣ аз ҳамлу нақли силоҳҳо ба Исроил худдорӣ карданд
Ахбори байналмилал
Reuters
Иттиҳодияҳои белжикӣ (белгияӣ) аз расидагӣ ба маҳмулаҳои аслиҳаи ирсолӣ ба даргирии Исроил худдорӣ мекунанд.
Ба гузориши Reuters, иттиҳодияҳои коргарони (профсоюзҳои) ҳамлу нақли Белжик аз аъзои худ хостанд, аз ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии ирсолӣ ба Исроил худдорӣ кунанд. Дастикам чаҳор иттиҳодияи коргарӣ (профсоюз) дар сар то сари Белжик эълом карданд: “Коргарони ин иттиҳодияҳо аз расидагии фаннӣ ва идорӣ ба маҳмулаҳои силоҳ, ки ба самти Исроил гусел мешаванд, худорӣ хоҳанд кард.”
Дар ин баёния омадааст: «Дар ҳоле, ки наслкушӣ дар Фаластин дар ҷараён аст, коргарони фурудгоҳҳои мухталифи Белжик шоҳиди маҳмулаҳои таслеҳотӣ дар ҷиҳати минтақаи ҷангӣ ҳастанд. Боргирӣ ё тахлияи ин силоҳҳо ба маънои мушорикат дар таъмини силоҳҳои артише аст, ки мардуми бегуноҳро мекашанд.»
Reuters
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мардуми Ғазза бо сабрашон, виҷдони башариро ба ҳаракат дароварданд”
Боздошти беш аз сад нафар дар Тошканд ба далели тазоҳурот дар ҳимоят аз Фаластин

Матолиби пурбоздид