Кохи Сафед: “Нишонае аз дахолати Эрон дар амалиёти Ҳамос нест”
Ахбори байналмилал
Як мақоми омрикоӣ бомдоди якшанбе эътироф кард, ки ҳеч нишонае аз даст доштани Эрон дар амалиёти “Тӯфони Ақсо” тавассути Ҳамос алайҳи Исроил вуҷуд надорад. Вай гуфт, Кохи Сафед рӯзи якшанбе кӯмакҳои низомии ҷадиде барои Исроил ирсол мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, ин мақоми омрикоӣ афзуд: “Мо ба мақомоти исроилӣ эълом кардем, ки омодаи ироаи тамоми абзорҳои ҳимоятӣ ба давлат ва мардуми Исроил ҳастем. Мо ба вузуҳ ба ҳар ниҳод ё тарафи мутахосими Исроил нисбат ба суистифода аз ин вазъият ҳушдор додем”.
Вай, зимни ишора ба гуфтугӯи Ҷу Бейден, раиси ҷумҳури Амрико бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, гуфт: “Бойден аз Исроил ҳимоят кард ва бар ҳамоҳангии наздик байни артиш ва тимҳои иттилоотии мо таъкид кард”.
Қаламонлайн