Кубо: “Амрико шарики таърихии «барбарияти саҳюнистӣ» аст”

Кубо: “Амрико шарики таърихии «барбарияти саҳюнистӣ» аст”
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Кубо дар вокуниш ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза, бо таъкид бар ин ки «таърих афроди бетафовутро нахоҳад бахшид», Амрикоро шарики таърихии “барбарияти саҳюнистӣ” хонд ва гуфт: «Вақти он расидааст, ки ба фалсафаи ғорат поён диҳем, то фалсафаи ҷанг бимирад».
Ба гузориши Presstv, Мигел Диас-Канел, раиси ҷумҳури Кубо, дар вокуниш ба ҳамалоти шадид ва бомбборони беравияи режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони навори Ғазза гуфт: “Мо қатли афроди бегуноҳ бар асари ташдиди танишҳои кунуниро рад мекунем; ҳамлае, ки ба тарзи шадиде, бидуни тамоюзи қавмӣ, нажодӣ, миллият ё мазҳаб анҷом мешавад.”
Вай бо таъкид бар ин ки беш аз 40 дарсад аз хонаҳои Ғазза вайрон шудаанд ва бемористонҳо ба унвони сардхона амал мекунанд, дар айни ҳол нотавонии Шӯрои амнияти Созмони Милал дар таваққуфи қатли омми Исроилро рад карда ва аз мавзеъи Омрико дар вето кардани пешниҳоди оташбаси башардӯстона барои ирсоли кӯмакҳо ба навори Ғазза интиқод кард.
Раисиҷумҳури Кубо дар ин хусус тасреҳ кард: “Таърих афроди бетафовутро нахоҳад бахшид ва мо дар миён онҳо нахоҳем буд. Вақти он аст, ки ба фалсафаи ғорат поён диҳем, то фалсафаи ҷанг, ба далели набуди ангеза бимирад”.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ё барқ, ё истеъфо
Расонаҳои исроилӣ: Тел-Авив диплумотҳои Туркияро ихроҷ кард

Матолиби пурбоздид