Кувейт хитоб ба Исроил: “Гузинае ҷуз хуруҷ аз Фаластин надоред!”

Кувейт хитоб ба Исроил: “Гузинае ҷуз хуруҷ аз Фаластин надоред!”
Кувейт дар Созмони Милал ба режими саҳюнистӣ ба хотири иртикоби ҷиноятҳо дар навори Ғазза ҳамла ва эълом кард: «Ҳеч роҳи ҳалле дар баробари шумо ҷуз хуруҷ аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин вуҷуд надорад.»
Ба гузориши Ал-халиҷ онлойн, ин суханонро Ториқ ал-Биноӣ, сафири доими Кувейт дар Созмони Милал дар як ҷаласаи изтирории Созмони Милал дар бораи Фаластин ва таҳаввулоти кунунӣ дар Ғазза бар забон овард.
Ал-биноӣ хитоб ба Исроил гуфт: «Танҳо як гузина барои шумо боқӣ мондааст, ки моро аз гирдбоди хушунатҳое, ки аз 56 сол пеш то кунун таҳмил кардаед, раҳо хоҳад кард ва он ҳам, поён додан ба ишғолгарӣ ва хуруҷ аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст.»
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте саҳюнизми масеҳӣ дар канори саҳюнизми яҳудӣ қарор мегирад
Пойгоҳи низомии Омрико дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Матолиби пурбоздид