Куллиёте дар бораи масъалаи маод

Куллиёте дар бораи масъалаи маод

Бахши аввал

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Маод

Куллиёте дар бораи масъалаи маод

Баҳси мо дар бораи масъалаи маъод аст. Масъалаи маъод аз назари аҳаммият, баъд аз масъалаи тавҳид, муҳимтарин масъалаи динӣ ва исломӣ аст. Пайғамбарон (ва бахусус, он чи аз Қуръон дар бораи пайғамбари мо истифода мешавад) омадаанд барои ин ки мардумро ба ин ду ҳақиқат мӯъмин ва мӯътақид кунанд: яке, ба Худо (мабдаъ) ва дигар, ба қиёмат ва ё феълан — ба истилоҳи маъмули мо — маъод.

Масъалаи маъод чизе аст, ки барои як мусалмон имон ба он лозим аст. Яъне чӣ? Яъне, дар радифи масоиле нест, ки чун аз заруриёти ислом аст ва имон ба пайғамбар зарурӣ аст, пас имон ба он ҳам ба табаъи имон ба пайғамбар зарурӣ аст.

Мо баъзе чизҳо дорем, ки бояд ба онҳо мӯътақид буд, ба ин маъно, ки эътиқод ба онҳо аз эътиқод ба пайғамбар мунфак нест; “бояд” ба ин маъност, на ба маънии таклиф, ба маънии ин аст, ки инфикокпазир нест, ки инсон ба пайғамбар ва ислом имон ва эътиқод дошта бошад, вале ба ин чиз имон надошта бошад. Масалан, рӯзаи моҳи Рамазон, мегӯянд, ки рӯзаи моҳи Рамазон аз заруриёти ислом аст. Агар касе рӯза нагирад ва бидуни узр рӯза бихӯрад, ин одам фосиқ аст, вале агар касе мункири рӯза бошад, аз ислом хориҷ аст, чаро? Барои ин ки ислом имон ба ваҳдонияти Худо ва имон ба пайғамбар аст ва имкон надорад, ки касе ба гуфтаи пайғамбар имон дошта бошад, вале рӯзаро мункир бошад, чун ин ки дар ин дин рӯза ҳаст аз заруриёт ва аз возеҳот аст, яъне намешавад инсон дар зеҳни худаш миёни қабули гуфтаҳои пайғамбар ва қабул кардани рӯза тафкик кунад. Вале худи масъалаи эътиқод ба рӯза доштан, мустақиллан мавзӯъи имон ва эътиқод нест, яъне дар Қуръон ҳеч ҷо ворид нашуда: “Касоне, ки ба рӯза имон меоваранд”.

Аммо гузашта аз ин ки масъалаи маъод ва қиёмат мисли рӯза аз заруриёти ислом аст (яъне намешавад касе мӯътақид ба пайғамбар бошад, вале мункири маъод бошад), дар таъбироти Қуръон калимаи имон ба қиёмат, имон ба явми охир омадааст, яъне пайғамбар масъалаи маъодро ба унвони як чизе арза кардааст, ки мардум ҳамон тавре, ки ба Худо имон ва эътиқод пайдо мекунанд, ба охират ҳам бояд имон ва эътиқод пайдо кунанд, ки маънии он ин мешавад, ки ҳамин тавре, ки Худошиносӣ лозим аст (яъне инсон дар як ҳадде мустақиллан бо фикри худаш бояд Худоро бишносад), дар масъалаи маъод низ инсон бояд маъодшинос бошад. Яъне пайғамбар наомадааст, ки дар масъалаи маъод бигӯяд, чун ман мегӯям маъоде ҳаст, шумо ҳам бигӯед маъоде ҳаст, мисли ин ки ман гуфтам рӯза воҷиб аст, шумо ҳам бигӯед рӯза воҷиб аст. На, зимнан афкорро ҳидоят ва раҳбарӣ ва даъват карда, ки маъодро бишносанд, маърифат ва имон ба маъод пайдо кунанд.

Маъод, ҷузъи усули дин

Ин ки уламои ислом маъодро аз усули дин қарор додаанд, вале соири заруриётро аз усули дин қарор надодаанд, бар ҳамин асос аст. Чун хеле ашхос аз мо ин суолро мекунанд, мегӯянд, шаҳодатайн, ки инсон ба он мусалмон мешавад, ду чиз бештар нест:

أشهد أن لا اله الاّ اللّه، أشهد أنّ محمّدا رسول اللّه

Дигар чаро масъалаи маъодро ҷузъи усули дин қарор додаанд? Хуб, одаме, ки ба пайғамбар имон дошта бошад, ба ҳар чи пайғамбар гуфта (агар барояш собит шавад, ки пайғамбар гуфта, махсусан агар субуташ ба ҳадди зарурат ва бадоҳат бирасад), имон пайдо мекунад, пас мо бояд бигӯем, усули дин ду чиз бештар нест: тавҳид, нубувват. Маъод фаръ ва туфайлии нубувват аст, чун мо ба нубувват эътиқод дорем ва пайғамбар аз маъод хабар дода, ба маъод ҳам эътиқод дорем, ҳамин тавре, ки чун пайғамбар гуфтаанд, намоз воҷиб аст, ба намоз ҳам эътиқод дорем, намоз ҳам аз заруриёт аст, рӯза ҳам аз заруриёт аст, ҳаҷ ҳам аз заруриёт аст.

Ин эрод ворид нест, чун иллати ин ки мусалмонон маъодро ҷузъи усули дин қарор додаанд, ин буда, ки ислом дар бораи маъод як амри иловаӣ аз мо хоста, яъне нахоста мо фақат онро ба унвони яке аз заруриёти ислом, ба туфайли қабули нубувват қабул карда бошем; хоста, ки худи мо ҳам мустақиллан ба он имон ва эътиқод дошта бошем, валав (агарчӣ) масалан мо ба нубувват эътиқод надошта бошем, ба маъод эътиқод дошта бошем. Ин ки “валав” (агарчӣ) мегӯям, на ин ки аз он сарфи назар мекунам, мехоҳам бигӯям, як масъалае аст, ки хоста мо мустақиллан ба он имон дошта бошем ва аз ин рӯ Қуръон истидлол мекунад бар қиёмат, истидлол намекунад бар рӯза, мегӯяд, рӯзаро пайғамбар гуфта, вале истидлол мекунад бар қиёмат, чӣ он навъ истидлоле, ки пояи он худи тавҳид аст ва чӣ он истидлоле, ки пояи он низоми хилқат аст.

Истидлолҳои Қуръон бар маъод

Ду навъ истидлол дар Қуръон ҳаст: як навъ истидлол бар маъод, бар асоси тавҳид аст, ки Қуръон мегӯяд, мумкин нест Худо Худо бошад, вале маъоде набошад, яъне агар маъод набошад, хилқат абас (беҳуда) аст. Ин худаш як истидлол аст. Қуръон хоста, рӯйи ин матлаб истидлол кунад:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّما خَلَقْناكُمْ عَبَثاً وَأَنَّكُمْ إِلَیْنا لا تُرْجَعُونَ

(“Оё чунин пиндоштед, ки мо шуморо абас офаридаем ва ба сӯйи мо бозгашт нахоҳед кард?” (Мӯъминун/115)) Албатта мо рӯйи ин истидлолҳо баъд бештар сӯҳбат мекунем, вале ҳоло ин муддаои худамонро, ки “маъод аз усули дин аст”, мехоҳем бигӯем, рӯйи чӣ ҳисоб аст. Қуръон дар воқеъ ин тавр мегӯяд: ё бояд бигӯед Худое нест, пас хилқат ва офариниш абас ва ботил ва беҳуда аст, дунболи ҳикмат дар хилқат набояд рафт ва монеъе нахоҳад дошт, ки хилқат бар абас ва беҳуда бошад ва ё агар Худое ҳаст, ки ҷаҳонро офаридааст, маъоде ҳам бояд бошад, маъод мутаммими хилқат аст, мукаммили хилқат аст, ҷузъе аз хилқат аст, ки бо набудани он, хилқат ноқис аст, хилқат абас ва беҳуда аст.

Як силсила истидлолҳои дигар ҳам дар Қуръон ҳаст, ки ҳамон низоми мавҷуд ва машҳудро далел бар қиёмат қарор медиҳад. Дар аввали сураи Ҳаҷ ва Мӯъминун ҳаст, ки айюҳаннос! Агар дар баъс ва дар қиёмат шакку райб доред, пас бибинед хилқати худатонро, баъд хилқати худи моро мегӯяд, ки шуморо аз нутфа офаридем, нутфаро аз хок офаридем, баъд нутфаро ба алақа ва алақаро ба музға табдил кардем, баъд барои музға устухон қарор додем, баъд гӯшт пӯшондем, баъд шуморо ба сурати тифл даровардем –

ثُمَّ إِنَّكُمْ بَعْدَ ذلِكَ لَمَیِّتُونَ، ثُمَّ إِنَّكُمْ یَوْمَ اَلْقِیامَةِ تُبْعَثُونَ

(Мӯъминун/15 ва 16) Ҳамчунин, гӯ ин ки ҳамин роҳеро, ки то ҳоло омадаед, идома медиҳед, то мунтаҳӣ мешавад ба қиёмат.

Пас сирри ин ки маъодро ҷузъи усули дин қарор додаанд, на сирф (-и ин буда, ки маъод) яке аз заруриёти дин ва аз тавобеъи нубувват будааст, балки як масъалае буда, ки роҳи истидлол бар он — лоақал то андозае — боз буда ва Қуръон мехостааст, ки мардум ба масъалаи қиёмат (ба унвони як масъалаи мустақил эътиқод пайдо кунанд).

Пайвастагии зиндагии дунё ва охират

Инсон дар он дунё ончунон аст, ки инҷо худашро бисозад. Инҷо агар худашро комил бисозад, онҷо комил аст. Агар ноқис бисозад, ноқис аст. Агар худашро кӯр қарор бидиҳад, онҷо кӯр аст. Ва агар худашро кар қарор бидиҳад, онҷо кар аст. Ва агар худашро аз сурати инсоният хориҷ карда бошад ва ба сурати ҳайвоне аз анвоъи ҳайвоноти дигар дароварда бошад, дар онҷо ба сурати ҳамон ҳайвон маҳшур мешавад. Ин ҳам масъалаи севвум, яъне робита ва пайвастагии бисёр шадид миёни зиндагии дунё ва зиндагии охират, ки фармуд:

الدّنیا مزرعة الآخرة

Танҳо ин ҷумла нест, ҳазорҳо ҷумла ҳаст, аслан ҳар чи дар бораи маъод омада, дар ҳамин заминаи:

الدّنیا مزرعة الآخرة

— омадааст. Асосан, низоми онҷо бо низоми инҷо фарқ мекунад. Инҷо низоми мо низоми иҷтимоӣ аст, ба ин маъно, ки афрод воқеан дар саодат ва шақовати якдигар шарик ва муассиранд, яъне амали хуби ман метавонад шуморо хушбахт кунад ва амали бади ман таъсир дорад дар бадбахтии шумо ва афроди як иҷтимоъ сарнавишти муштарак доранд. Вале дар онҷо аслан сарнавишти муштарак нест, аҳли саодат бо ҳаманд ва аҳли шақоват ҳам бо ҳам, вале он бо ҳам будан ғайр аз иштирок доштан дар саодат аст, асосан иштироке дар кор нест, ҳар касе дар вазъи худаш ҳаст бидуни он ки таъсире дар вазъи дигаре дошта бошад.

Инҳо умуре аст қатъӣ ва мусаллам ва пайғамбарон омадаанд барои ин ки мардумро ба ин матлаб даъват кунанд, махсусан ин қисмати ахир чун ҷанбаи тарбиятии зиёдтаре дорад ва бештар ба масъалаи даъват марбут аст. Мо мебинем, ки дар дараҷаи аввал Қуръон ва баъд соири осори динии мо исрори фаровоне рӯйи ин матлаб доранд, ки он дунё дорулҷазо аст, хонаи подош ва хонаи кайфар аст, пас шумо муроқиби амали худатон дар инҷо бошед. Ҳатто Қуръон таъбире дорад, ки иддае ин таъбирро ҳамл бар ҳеч гуна муҷозгӯӣ намекунанд ва айни ҳақиқат медонанд. Таъбир ин аст, ки Қуръон мегӯяд, он чи ки шумо дар ин дунё амал мекунед, амали шумо пешфиристодаи шумо ба дунёи дигар аст. Иддае мегӯянд ин таъбири балоғӣ аст, таъбири маҷозӣ аст, амали мо, ки онҷо фиристода намешавад, амали ман яъне кор, ин кор як ҳаракат аст ва ин ҳаракат ҳам ҳамин ҷо фонӣ ва тамом мешавад. Вале иддае мӯътақиданд, ки ҳар чи дар ин дунё пайдо бишавад, сурате дар дунёи дигар пайдо мекунад, ҳамин худаш як ҳақиқате дар дунёи дигар пайдо мекунад. Ва ин таъбири Қуръон рост аст, ки ҳар чи мо дар инҷо амал мекунем, чизе дар он дунё эҷод кардаем, пас чизеро аз ин дунё ба он дунё фиристодаем.

Таъбири Қуръон

Ин таъбири Қуръонро бибинед — оятҳои маъод асосан барои мавъиза ҳам хеле хуб аст — дар охирҳои сураи Ҳашр мефармояд:

یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللّهَ

Эй аҳли имон! Тақвои илоҳӣ дошта бошед, аз Худо бипарҳезед! (Ҳамеша гуфтаем, ки калимаи “тақво” маънояш парҳез нест, вале мо таъбири дигаре надорем.) Маънояш ин аст, ки худатонро аз ғазаби илоҳӣ, аз мухолифати фармони илоҳӣ дур нигаҳ доред.

وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ ما قَدَّمَتْ لِغَدٍ

Хеле таъбири аҷибе аст,

وَلْتَنْظُرْ

— амр аст. “Ва бояд ҳар нафсе ва ҳар касе назар кунад ва диққат кунад дар он чи барои фардо мефиристад”. Ин сареҳтарин таъбире аст, ки мешавад дар ин замина кард. Вақте ба мо мегӯяд, биёед дар кор ва амали худатон муроқиб бошед, ба ин таъбир мегӯяд: дар бораи ин чизҳое, ки барои фардо пеш мефиристед, дар мавриди ин пешфиристодаҳои худатон диққат кунед, дақиқ бошед. Дуруст мисли одаме, ки дар як шаҳре ҳаст ва барои шаҳри дигаре, ки баъдҳо мехоҳад биравад, дар онҷо сукно ихтиёр кунад, колое қаблан таҳия мекунад ва мефиристад, ба ӯ мегӯянд, дар ин чизҳое, ки қабл аз худат дорӣ мефиристӣ, як диққати хеле комиле бикун. Баъд ду мартиба мефармояд:

وَاتَّقُوا اللّهَ

Боз бори дигар аз Худо битарсед, аз нофармонии илоҳӣ парҳез кунед.

إِنَّ اللّهَ خَبِیرٌ بِما تَعْمَلُونَ

(Ҳашр/18) Чун аввал ба таъбири пешфиристода гуфт, ду мартиба ба таъбири худи амал мегӯяд: Худо огоҳ аст ба аъмоли шумо, яъне он чиро шумо мефиристед, Худо, ки огоҳ аст, пас худатон ҳам огоҳии комил дошта бошед, ки хуб бифиристед.

Алъон ин достон ёдам омад, хуб аст бароятон арз кунам. Ман ҳашт сол назди марҳум оқои Буруҷердӣ (Аълаллоҳу мақомаҳу) дарс хонда будам ва ҳақиқатан ба шахси эшон эътиқод доштам, яъне хеле эътиқод доштам, воқеан ӯро як марди руҳонӣ медонистам.

Ҳоло афроде ба дастгоҳи эшон интиқод доштанд — ки худи ман ҳам доштам — ба ҷойи худ, аммо ман ба шахси ин мард мӯътақид будам, яъне ӯро як марди руҳонии воқеӣ медидам ва марди комилан мӯъмин ва мӯътақид ва Худотарс. Дар ҳамин касолати қалбӣ, ки эшон пайдо карда буданд, ки мунтаҳӣ ба фавти эшон шуд — зоҳиран се-чаҳор рӯз ҳам бештар тӯл накашид – гуфтанд, як рӯзе эшон дар ҳамон ҳол хеле мутаассир буд ва гуфт, ки ман хеле нороҳатам аз ин ки коре накардаам ва меравам. Онҳое, ки давру бар ҳастанд, хаёл мекунанд дар ин масоил ҳам тамаллуқ гуфтан хеле хуб аст, (мегӯянд) эй оқо, шумо чӣ мефармоед? Шумо Алҳамду лиллоҳ ин ҳама тавфиқ пайдо кардед, ин ҳама хидматҳо, ки шумо кардед, кӣ карда?! Эй кош мо ҳам мисли шумо будем. Шумо, ки Алҳамду лиллоҳ корҳое, ки кардед, хеле дурахшон аст. Эшон эътино накард ба ин ҳарфҳо ва дар ҷавоби онҳо ин ҷумларо — ки ҳадис аст — гуфт:

خلّص العمل فإنّ النّاقد بصیر بصیر

(“Биҳор”, ҷ.13, с.431, бо андаке ихтилоф) Яъне амалро холис бигардон, ки он ки нақд мекунад (1), саррофӣ мекунад ва амалро дар маҳак мегузорад, ӯ хеле огоҳ ва биност, аз зери назари ӯ кучактарин амали мағшуше берун намеравад, яъне чӣ мегӯед мо кор кардем?! Аз куҷо, ки ин амалҳои мо амале бошад, ки воқеан хулус дошта бошад? Барои Худо буданашро шумо аз куҷо ин қадр таъмин мекунед? Таъбири Қуръон ҳамин матлаб аст:

یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ ما قَدَّمَتْ لِغَدٍ

Боз думартиба

وَاتَّقُوا اللّهَ

— дар ду навбат дар пасу пеши ин ҷумла, ки дар он чи пеш мефиристед хуб диққат кунед. Худоро ҷилави чашми мо ҳозир мекунад ба унвони як ноқид, ба унвони як баррасикун, ба унвони як маҳакзани бисёр басир ва дақиқ.

إِنَّ اللّهَ خَبِیرٌ بِما تَعْمَلُونَ

Баъд мефармояд:

وَلا تَكُونُوا كَالَّذِینَ نَسُوا اللّهَ فَأَنْساهُمْ أَنْفُسَهُمْ أُولئِكَ هُمُ الْفاسِقُونَ

(Ҳашр/19) Аз он касон набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, Худо ҳам худашонро аз худашон фаромӯшонид. Ин ҳам таъбири аҷибе аст. Қуръон дар яке аз таъбироташ мегӯяд, ҳар кас Худоро фаромӯш кунад, асараш ин аст, ки худашро фаромӯш мекунад, яъне худи воқеияшро гум мекунад, байни худаш ва худаш фосила қарор мегирад, баъд ҳар коре, ки мекунад, барои худаш намекунад, бадбахтииҳоро барои худаш ҷалб мекунад, аммо хидматҳоро на барои худаш. Ба унвони мисол, одаме, ки дучори ҳирсу ози шадид аст ва ба ҳукми ҳирсу оз кор мекунад, аз ҳар роҳе шуд (аз ҳалол, аз ҳаром, аз ҳар ҷо шуд) ҷамъ мекунад ва ҷамъ мекунад, ӯ, ки ба фикри худаш аст, агар ҳисоб кунад, барои 150 соли дигар ҳам дорад, дар сурате, ки худаш медонад ончунон пир шуда, ки даҳ соли дигар ҳам бештар нест.

Ин одаме аст, ки худашро фаромӯш кардааст. Ӯ хаёл мекунад, ки барои худаш кор мекунад ва дар воқеъ намефаҳмад, ки агар барои худаш ҳам бихоҳад кор кунад, ин ҷур набояд кор кунад.

وَلا تَكُونُوا كَالَّذِینَ نَسُوا اللّهَ فَأَنْساهُمْ أَنْفُسَهُمْ أُولئِكَ هُمُ الْفاسِقُونَ

Ин оятро ба ин муносибат арз кардем, ки Қуръон рӯйи иртиботи олами дунё ва олами охират ва ин ки онҷо дорулҷазо аст ва инҷо доруламал, инҷо мазраъа аст, явмуззаръ аст ва онҷо явмулҳасод, фавқулъода такя кардааст ва балки аслан анбиё асос ва руҳи таълимоташон ҳамин аст, низоми дунёро ҳам, ки дуруст мекунанд, ба эътибори ин аст, ки ҳамин пайвастагӣ миёни дунё ва охират ҳаст, яъне агар низоми дунё низоми саҳеҳи одилонае набошад, охирате ҳам дуруст нахоҳад буд, ин ду бо якдигар инчунин вобастагӣ ва пайвастагӣ доранд, на ин ки тазодд доранд. Аз назари Қуръон саодати воқеии башар дар дунё ва саодати воқеии башар дар охират тавъаманд, ҷудоӣ надоранд. Он чизҳое, ки аз назари ухравӣ гуноҳ аст ва сабаби бадбахтии ухравӣ аст, ҳамонҳост, ки аз назари дунявӣ ҳам низоми куллӣ зиндагии башарро фосид мекунад, ҳоло агар фарз кунем як фардро хушбахт кунад, вале низоми куллии афроди башарро фосид ва хароб мекунад.

Инҳо хусусиёте буд, ки дар онҳо ҳеч намешавад шакку тардид кард. Хусусиёти дигаре ҳаст, ки бояд рӯйи онҳо баҳс кард ва албатта ҳар дастае ҳам онҳоро ҳамин тавр сад дар сад қатъӣ донистаанд. Онҳоро мо бояд ҷудогона баҳс кунем.

* * *

(1) Ноқид яъне интиқодкунанда, асли калима истилоҳи саррофӣ аст. Сарроф, ки сиккаро ба маҳак мезанад барои ин ки аёрашро ба даст биёварад, ин амалашро мегӯянд “нақд”. Аслан нақд яъне ҳамин амал, баъд ин калимаро дар ҷоҳои дигар ба кор бурдаанд, ки Ҳофиз ҳам хуб мегӯяд:

Накдҳоро бувад оё, ки аёре гиранд,

То ҳама савмаъадорон пайи коре гиранд?

— (яъне) то бифаҳманд, ки ҳамаи корҳояшон ғалат аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Далели фақр дар ҷомеа аз назари Черчил
Ноам Хомский: “Тамоми сиёсатҳои Исроил амрикоӣ аст”

Матолиби пурбоздид