Куҷост он шукӯҳу ҷалолҳо?
Дар базми халифа
Мутаввакил, халифаи саффок ва ҷаббори аббосӣ, аз таваҷҷӯҳи маънавии мардум ба Имом Ҳодӣ алайҳис-салом бимнок буд ва аз ин ки мардум ба тиби хотир ҳозир буданд фармони ӯро итоат кунанд, ранҷ мебурд. Сиояткунандагон (хабаркашон) ҳам ба ӯ гуфтанд, мумкин аст Алӣ ибни Муҳаммад (Имом Ҳодӣ) ботинан қасди инқилоб дошта бошад ва баъид нест аслиҳа ва ё лоақал номаҳое, ки долл бар матлаб бошад, дар хонааш пайдо шавад.
Аз ин рӯ Мутаввакил як шаб бехабар ва бидуни собиқа, баъд аз он ки ниме аз шаб гузашта ва ҳамаи чашмҳо ба хоб рафта ва ҳар касе дар бистари хеш истироҳат карда буд, иддае аз дежхимон ва атрофиёни худро фиристод ба хонаи Имом, ки хонаашро тафтиш кунанд ва худи Имомро ҳам ҳозир намоянд.
Мутаввакил ин тасмимро дар ҳоле гирифт, ки базме ташкил дода машғули майгусорӣ буд. Маъмурон сарзада вориди хонаи Имом шуданд ва аввал ба суроғи худаш рафтанд. Ӯро диданд, ки утоқеро хилват карда ва фарши утоқро ҷамъ карда, бар рӯи регу сангреза нишаста ба зикри Худо ва розу ниёз бо зоти Парвардигор машғул аст. Вориди соири утоқҳо шуданд, аз он чӣ мехостанд чизе наёфтанд. Ночор ба ҳамин миқдор қаноат карданд, ки худи Имомро ба ҳузури Мутаввакил бибаранд.
Вақте, ки Имом ворид шуд, Мутаввакил дар садри маҷлиси базм нишаста машғули майгусорӣ буд. Дастур дод, ки Имом паҳлӯи худаш биншинад. Имом нишаст. Мутаввакил ҷоми шаробе, ки дар дасташ буд, ба Имом таъоруф кард. Имом худдорӣ кард ва фармуд:
— Ба Худо қасам, ки ҳаргиз шароб дохили хуну гӯшти ман нашуда, маро муъоф бидор.
Мутаввакил қабул кард, баъд гуфт:
— Пас шеър бихон ва бо хондани ашъори нағз ва ғазалиёти обдор маҳфили моро равнақ деҳ.
Имом фармуд:
— Ман аҳли шеър нестам ва камтар аз ашъори гузаштагон ҳифз дорам.
Мутаввакил гуфт:
— Чорае нест, ҳатман бояд шеър бихонӣ.
Имом шурӯъ кард ба хондани шеъре, ки қисмате аз он ба ин шарҳ аст:
بـاتوا على قللِ الأجبال تحرسُهم
غُـلْبُ الـرجالِ فما تنفعهمُ القُللُ
واسـتنزلوا بـعد عزّ من معاقلهم
وأسكنـوا حفراً يا بئس ما نزلوا
نـاداهمُ صارخٌ من بعد دفنهم
أيـن الأساور و التيجانُ والحللُ
أيـن الـوجوه التي كانت منعمةً
من دونها تُضربُ الأستارُ والكللُ
فـأفصحَ القبرُ عنهم حين سائلهم
تـلك الـوجوه عليها الدودُ تنتقلُ
قـد طال ما أكلوا دهراً وما شربوا
فأصبحوا اليوم بعد الأكلِ قد أُكِلوا
“Қуллаҳои баландро барои худ манзилгоҳ карданд ва ҳамвора мардони мусаллаҳ дар атрофи онҳо буданд ва онҳоро нигаҳбонӣ мекарданд, вале ҳеч як аз онҳо натавонист ҷилави маргро бигирад ва онҳоро аз газанди рӯзгор маҳфуз бидорад.
Охируламр аз домани он қуллаҳои манеъ ва аз дохили он ҳиснҳои муҳкам ва мустаҳкам ба дохили гудолҳои қабр поин кашида шуданд, ва бо чӣ бадбахтӣ ба он гудолҳо фуруд омаданд!
Дар ин ҳол мунодӣ фарёд кард ва ба онҳо бонг зад, ки: куҷо рафт он зинатҳо ва он тоҷҳо ва шукӯҳу ҷалолҳо?!
Куҷо рафт он чеҳраҳои парвардаи неъматҳо, ки ҳамеша аз рӯи нозу нихват, дар паси пардаҳои алвон, худро аз анзори мардум махфӣ нигоҳ медошт?!
Қабр оқибат онҳоро расво сохт. Он чеҳраҳои неъматпарварда оқибатуламр ҷавлонгоҳи кирмҳои замин шуд, ки бар рӯи онҳо ҳаракат мекунанд.
Замони дарозе дунёро хӯрданд ва ошомиданд ва ҳама чизро балъиданд, вале имрӯз ҳамонҳо, ки хӯрандаи ҳамаи чизҳо буданд, маъкули замину ҳашароти замин воқеъ шудаанд…”
Садои Имом бо танини махсус ва бо оҳанге, ки то аъмоқи руҳи ҳозирин ва аз он ҷумла худи Мутаввакил нуфуз кард, ин ашъорро ба поён расонид. Нашъаи шароб аз сари майгусорон парид. Мутаввакил ҷоми шаробро муҳкам ба замин кӯфт ва ашкҳояш мисли борон ҷорӣ шуд.
Ба ин тартиб, он маҷлиси базм дарҳам рехт ва нури ҳақиқат тавонист ғубори ғуруру ғафлатро, ҳарчанд барои муддате кӯтоҳ, аз як қалби пурқасоват бизудояд.
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)













