Кӯдаки китобхони ман

Адаб

Кӯдаки китобхони ман

Парвариши одати китобхонӣ дар кӯдак

Чӣ гуна дар кӯдакам руҳияи китобхониро эҷод кунам?

Қисса гуфтан ва китоб хондан барои кӯдак, ташвиқ ва тарғиби ӯ барои китобхонӣ мешавад.

Ҳамчунин кӯдакон бо сармашқ гирифтан аз волидайни худ, ин одатро парвариш медиҳанд.

Бинобар ин тавсия мешавад, падару модарон низ ҷиҳати афзоиши огоҳиҳои худ ва омӯзиши китобхонӣ ба кӯдакашон ба сурати ғайримустақим, замонҳоеро дар ҳузури фарзанди худ, ба мутолиаи китоб ихтисос диҳанд.

Агар то ин замон китоб дар ҳошияи зиндагиатон вуҷуд дошт, акнун замонаш расидааст, ки онро дар матни зиндагиатон қарор диҳед.

Барои китоб хондан, замонеро эҷод кунед.

Мутмаин бошед, садҳо ҳазор китоб дар мавзӯи торихӣ, мазҳабӣ, достонӣ, шеър, фалсафа ва ғайра вуҷуд дорад, ки шумо бидуни шак, ошиқаш хоҳед шуд.

Агар мехоҳед як кӯдаки китобхон парвариш диҳед, худатон ҳам бояд китобхон бошед.

Барои ин манзур китобро бо садои баланд бихонед, ҳар рӯз бихонед ва ҳар китоберо бихонед.

Вақте барои кӯдакатон китоб мехонед, ӯ ёд мегирад, ки китоб як чизи нишотофарин ва шодиофарин дар зиндагӣ аст ва бо он метавон аз тамоми ҳавосси инсонӣ истифода кард, коғазҳоро метавон эҳсос кард, бӯи онро метавон эҳсос кард, тасвирҳоро метавон тамошо карду лаззат бурд, садои китоб хондани модар ва падарро шунид…

Вақте барои кӯдак китоб мехонед, сохтори забонӣ ва луғавии ӯро месозед. Ӯро бо мафоҳими риёзӣ, ададҳо рангҳо, шаклҳои мухталиф, ҳайвонот, рафторҳои хубу муфид ошно мекунед.

Вақе бо садои баланд китоб мехонед, кӯдакатон бо садои ошно ва дӯстдоштании шумо бо китоб иртибот барқарор мекунад. Ҳамин кӯмак мекунад, ки байни ӯ ва китоб робитаи муассир ва хубе ба дарозои умраш барқарор шавад.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳмати Худованд
Авомили муваффақият ва комёбӣ

Матолиби пурбоздид