Кӯмаки Исроил ба Ҷулонӣ
Ахбори байналмилал
Натонёҳу барои аввалин бор аз кӯмаки режими Исроил ба Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ парда бардошт
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил гуфт:
“Эрон қасд дошт, бо эъзоми ду лашкари ҳавобурд (воздушно-десантные дивизии), монеъ аз суқути Башшор Асад шавад, аммо ба дастури мо, ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-и Исроил монеъ аз фуруди ин ҳавопаймоҳо дар Сурия шуданд ва ин ҳавопаймоҳо ба Эрон бозгаштанд.”
Гуфтанист, баъд аз суқути Асад, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар тавзеҳи он чи дар Сурия рух дод, зимни ишора ба сустии артиши Сурия, ки боиси суқути зудҳангоми давлати ин кишвар шуд, ба нақши Исроил ва Омрико ишора карда ва гуфта буд, ки F-16-ҳои Исроил дар осмон омаданд ва ҷилави ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои Эронро гирифтанд.
Қаламонлайн