Либоси хуб ва зоҳири ороста
Аз суннатҳои Паёмбари Акрам(с) ва пешвоёни дин, оростагии зоҳир аст. Ва он ҳолате аст баргирита аз таодули қувваи шаҳвия, ки инсонро мулзам ба риояти ҳусни зоҳир ва оростагӣ дар пўшиш ва дигар шууни зиндагӣ намояд.
Қуръони Карим дар мавриди орстагиву зинат, дар оёти мутааддиде баёноти арзишманд дорад, аз ҷумла:
“Бигў чӣ касе зинатеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва рўзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигў ин чизҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рўзи қиёмат низ махсуси онҳост”, (сураи Аъроф, ояти 32).
Оростагии зоҳир аз забони мубораки Паёмбари Акрам(с) низ ба таъкид супориш шудааст, аз ҷумла ин ҳадиси муборак, ки мефармояд: “Худованди Мутаол зебост, зебоиро дўст дорад ва дўст дорад осори неъмати худро дар бандааш бубинад, ў фақру фақрнамоиро душман медорад”, (Канз-ул-уммол, 17166).
Дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбари Худо(с) вақте мардеро диданд, ки мўйҳои жўлида ва либоси чиркин ва вазъи номураттабе дошт, ба он мард фармуданд: Истифода аз неъматҳои Худо ва ошкор сохтани неъмат ҷузъи дин аст.
Бояд ба ин масъала диққат дошта бошем, ки Ислом дар баробари оростагии ботин ва маънавияти ботинӣ, ки оросагии ҳақиқии инсон аст, ба оростагии зоҳир низ таваҷҷўҳ дошта ва нисбат ба назму ороста будани сару вазъ, покизагию оростагии либос ва ободии хонаву кошонаи бандаи мўъмин таъкид меварзад; ҳамчунон ки аз Русули Гиромӣ нақл шудааст: “Либоси хуб бипўшед ва хонаҳоятонро обод кунед то байни мардум мисли холе намоён бошед”, (Канз-ул-уммол, 17164).
Дар баробари оростагӣ дар муҳити хонавода, ки таъкидоти фаровоне шуда, дар мавриди ороста будан дар ҷомеа ва назди дигарон, супоришотеро аз Набии Мукаррами Ислом дорем, ки мефармоянд: “Худованд дўст дорад, ки бандааш, ҳангоми хуруҷ ба сўи бародаронаш, бо ҳайати пардохтаву оростае биравад”, (Макорим-ул-ахлоқ, 1/85/1).
Дар мавриди оростагии зану шавҳар, дар муҳити хонавода, ки сабаби истеҳкоми пояҳои зиндагии зану шаваҳар дониста шудааст, таъкидоти фаровоне шудааст ва ин масъала дар навиштаҳои баъдӣ ба таври муфассал баён хоҳад шуд, аммо дар ин ҷо ба куллиёте аз он низ ишора хоҳад шуд.
Расули Гиромии Ислом (с) мефармоянд: “Сазовор нест, ки зан худашро вогузорад, балки ҳадди ақал бо овехтани гарданбанде худро барои шавҳараш биорояд”, – дар канори ин гуна ривоёт, ки таъкидоте бар занони мусулмон дорад, бар мардон низ, бар оростагии мўй, чеҳра, хушлибосӣ ва покизагӣ дар баробари ҳамсар супориш шудааст; зеро ҳамон гуна ки мард мехоҳад зани худро зебо, покиза, хушлибос, муаттару хишбўй бубинад, зан ҳам аз марди худ ҳамин интизорро дорад ва покизагии зоҳир, ҳаммом, мисвок, сар шустан, шона задан, нохун гирифтан, атр задан, либоси муназзам ва покиза пўшидан ва дигар зинатҳои ҳалол бар андоми мард, занро хушдилу розӣ мекунад ва ба иффату покдомании ў меафзояд ва аз чашм дўхтан ба дигарон ва дар зеҳн овардани ғайри шавҳар ҳифз мекунад.
Муҳимтарин масъалае, ки бояд ин ҷо ёдовар шавем, ин аст, ки ифрот ва зиёдаравӣ дар оростагӣ, офоти бисёре дар пай дорад, бинобар ин агар оростагии зоҳир сабаби тафохуру фахрфурўшӣ, кибр ва сабаби майл ба гуноҳ шуд, бояд тарк шавад. Нуктаи дигар ин ки оростагӣ бояд дур аз исроф бошад.
Ҳамчунин ба ин масъала низ бояд ишора намоем, ки дар дастуроти динӣ, пўшидани чанд навъ либос мамнўъ дониста шудааст, ки аз ҷумлаи он либоси шўҳрат, пўшиши ҳарир ва тилло барои мард, либоси махсуси куффор, либоси зан барои мард баръакс ва либоси нозук ва баданнамо барои занон мебошад.
Дар поён умедворем, дар канори оростагии зоҳир, либоси тақво ва оростагии ботинро низ Худованди Маннон насиби ҳамаи мо гардонад.
Қаламонлайн