Лӯъбатакон

Лӯъбатакон

Дунё дорад оҳиста-оҳиста мутаваҷҷеҳ мешавад, ки Зеленский– раиси ҷумҳури Укроин, воқеан, масхарабозе беш нест ва бо ӯ бо масхарабозӣ бархӯрд мекунад. Вагарна, тамоми расонаҳо, аз СНН-у ББС гирифта то фазои маҷозӣ, масоили аслию сарнавиштсозро як су монда, ба сарулибоси ӯ, чанд маротиба “thank you” гуфтанаш ба Тромп, чанд бор таъзим оварданаш, бо чӣ лаҳне, бо чӣ қаворае сухан карданаш, начаспида буданд.

Иттифоқан, ин фақат Зеленский нест, ки як лӯъбатак аст, балки ҳама ширкаткунандагони ин гуфтугӯҳо ва нишасту бархостҳо, аз Макрону Стармеру Фон дер Лайен гирифта то худи Тромпу атрофиёнаш, арӯсаконе ҳастанд, ки дар ҳавои доираи ҳукумати пасипардагӣ- саҳюнизми ҷаҳонӣ, рақс мекунанд.

Азиз Сангин

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пурсише дар бораи чигунагии тадриси фалсафа

Матолиби пурбоздид