Мадинае, ки Имом Хумайнӣ бино кард

Таҳлили хабарӣ
Мадинае, ки Имом Хумайнӣ бино кард
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ ба муносибати 45-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон
Имрӯз (22 баҳман мусодиф бо 11 феврал) 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аст. Дар ин ёддошт, мехоҳам ба ин муносибат чанд ҷумлае бароятон бинависам, аммо на дар бораи дастовардҳои ин инқилоб, ки дар ин хусус бисёр гуфтаанд, ҳамчунин на аз навъи ҳукумати мунҳасир ба фарде, ки баъд аз ин инқилоб дар Эрон рӯйи кор омад яъне мардумсолории динӣ, ки дар ин маврид низ зиёд навиштаанд, балки дар бораи ду ҳодиса, ду падида, ду таҳаввул ва дигаргунӣ хоҳам навишт, ки вуқӯъаш на танҳо барои башари қарни 20 ва ё 21 шибҳимаҳол менумояд, балки барои башарият ба сурати умум ва дар тӯли таърих боварнопазир будааст. Ва ин ду падида аз ин қароранд:
1) Сиёсат ва ҳукуматронӣ дар бовари инсонҳо, тавъам ва ҳамроҳ буд (ва ҳаст) бо найранг, фиреб, дурӯғ ва ғайра аз сифоти нописанд. Бинобар ин, барои инсонҳо дар тӯли таърих, ин дигар як таманно ва як орзу буд – на коре шуданӣ – ки дар раъси ҳукумат як инсони воқеан ҳаким ва донишманд ва одил қарор бигирад ва ӯ ба адолат ҳукумат кунад ва аз шеваҳо ва равишҳое мисли дурӯғ, фиреб, найранг ва амсоли он дар ҳукуматронии худ ба дур бошад. Башар инро шибҳимаҳол медонист, зеро бовараш ин буд, ки аслан сиёсат ва ҳукуматронӣ ин як амал ва кори ба истилоҳ, ифлос ва чиркин аст, маҳол аст инсон одил ва боинсоф ва хуб бошад ва дар айни ҳол, битавонад ҳукумат кунад, ин маҳол аст. Зеро ҳукумат кардан ва сиёсат, дар моҳият ва ҳақиқати худ, ба бовари онҳо палид аст, ҳоким ва сиёсатмадор гӯ ин ки чорае надорад ҷуз ин ки даст ба дурӯғ ва фиреб ва найранг ва аз ин қабил чизҳо биёзад, ӯ чорае надорад, вагарна даст аз сиёсат бардорад.
Ин ки гуфта мешавад: “Дин аз сиёсат ҷудост”, решааш ба ҳамин воқеияти талх бармегардад. Зеро дин дар назди инсонҳо як чизи пок ва муқаддас аст ва аз ҳамин рӯ одами диндор ба назари онҳо набояд ба номи дину Худо, пой ба арсаи сиёсат – ки моҳиятан палид аст – гузорад.
Аз ин назар, Инқилоби Исломие, ки 45 сол пеш дар Эрон воқеъ шуд ва ҳукумате, ки ба дунболи он таъсис ва дар раъси он як ҳаким ва файласуф ва фақеҳ (фақеҳ ва муҷтаҳид ба тамоми маънои калима) қарор гирифт, яъне Имом Хумайнӣ, воқеан ҳоизи аҳаммият аст.
Имом Хумайнӣ ва кистии ӯ, ҳанӯз барои аксарияти ҷаҳониён шинохташуда нест. Одамҳо воқеан ӯро намешиносанд. Дар ҳамин Эрон, ки алъон зиндагӣ мекунам, ӯ маҷҳул ва ношинохта аст, чӣ расад ба ҷоҳои дигар. Албатта ин иллат дорад. Яке, ҳамин нуктае аст, ки дар боло ёдовар шудам, ки магар имкон дорад як ҳаким, файласуф ва олим ва фақеҳ битавонад дар раъси ҳукумат қарор бигирад ва ба адолат ҳукумат кунад ва комилан пок бошад?! Ин маҳол аст. Сиёсат, ки олуда аст, чиркин аст, палид аст! Ва ҳамин истибъод аст, ки гумон мекунанд, лобуд Хумайниро овардаанд, масалан омрикоиҳо ва ё ангилисиҳо ё фаронсавиҳо ва ё шояд шӯравиҳо ӯро овардаанд. Зеро бовари ин барояшон маҳол ва ё лоақал бисёр сахт аст, ки як фақеҳ ва ҳаким ва файласуф бидуни кӯмаки ба истилоҳ абарқудратҳо, ин ҳама користон кунад, пас лобуд зери “коса нимкосае ҳаст”, ки мо намедонем.
Ин ки гуфтам, Имом Хумайнӣ ҳанӯз маҷҳул ва ношинохта аст, як далелаш ҳамин гумонҳои бепоя аст, ки воқеан бовар мекунанд, на ин ки лаҷ кунанд, на, воқеан боварашон ҳамин аст. Албатта ҳастанд касоне, ки медонанд ва бо мақоми илмӣ ва тақво ва дурустии Имом Хумайнӣ то ҳадде ошно ҳастанд, китобҳояшро мутолеа кардаанд, бо шарҳи ҳоли ӯ ошноянд, вале бо ин ҳама ингуна ҳарфҳоро ба забон меоваранд. Ва сабабаш, бо камоли таассуф, мазҳаб аст. Тараф мусалмон аст, Имом Хумайниро мешиносад, ки як фақеҳ ва инсони одиле буд ва тавонист як ҳукумати исломии мустақил ва рӯйи пойи худ истода бисозад, вале чун ӯ бо мазҳаби Имом Хумайнӣ яъне ташайюъ ва шиъа мушкил дорад ва онро ботил меангорад, бинобар ин аз ин ҳарфҳо мезанад. Бале, мутаассифона ин гуна одамҳоро низ дорем, ки андак ҳам нестанд.
2) Таҳаввул ва дигаргунии дигар, ки бо Инқилоби Исломии Эрон бо вуқӯъ пайваст ва ин ҳам аз назари бисёриҳо ва ҳатто касоне, ки иддаои исломӣ будан доранд вуқӯъаш дар рӯзгори мо гӯӣ шибҳимаҳол аст ин аст, ки ҳадафи ин инқилоб, ислом ва манофеъи мусалмонон, кулли мусалмонон дар ҷаҳон будааст, на ин ки ҳадафи он аввалан манофеъ ва масолеҳи кишваре ба номи Эрон ва мардуми он буда ва дар дараҷаи дуввум ислом.
Барои он ки ин воқеият равшан бишавад, рухдоде бароятон нақл мекунам; рухдоде, ки хеле маъруф аст. Баъд аз вуқӯъи инқилоб, аввалин нахуствазир марҳум муҳандис Бозаргон буд; як шахсияти бисёр маъруф ва бо афкор ва андешаҳои миллӣ-мазҳабӣ. Эшон фақат 6 моҳ бар ин маснад нишаст ва сипас истеъфо дод, бо ихтиёри худаш, нахост дигар нахуствазири ин кишвар бошад ва ба қавли худаш, нахост шарики Имом Хумайнӣ бошад. Аз ӯ иллати истеъфо ва канор кашиданашро пурсиданд. Ӯ ба ин мазмун посух дод: ман фикр мекардам, оқои Хумайнӣ исломро барои Эрон мехоҳад, аммо ин гумони ман иштибоҳ будааст, ин мард Эронро барои ислом мехостааст, ман дигар намехоҳам дар канори ӯ бошам, ӯ Эронро фидои ислом ва қурбони он мекунад!
Бинобар ин, Имом Хумайнӣ аз назари роқими ин сатрҳо, коре кард дар рӯзгори мо користон; коре, ки ба назари дигарон бале, маҳол менамояд. Ҳукумате, ки ӯ дар Эрон бино кард, ба назари ман идомаи ҳукумати ҳазрати Паёмбар (с) ва ҳукумати ҳазрати Алӣ (а) аст ва пас аз ҳазрати Алӣ мо дар ҷаҳони ислом як ҳукумати воқеан исломӣ надоштем, ҳамаи ҳукуматҳо било истисно подшоҳӣ буданд ҳарчанд қавонини онҳо зоҳиран қавонини исломӣ будааст.
Шояд хонандаи ин ёддошт фикр кунад иғроқ ва муболиға мекунам, на, абадан, аммо бо ин ҳама бале қабул дорам, ки ҳазми он шояд барои бисёриҳо душвор бошад.
Худоё! Худат ин инқилобро нигаҳ дор ва ба дасти соҳибаш бисупор!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовамати Ироқ: “Ишғолгарони омрикоӣ фақат забони силоҳ мефаҳманд”
Болотарин лаззат

Матолиби пурбоздид