Мадинаи фозила

Мадинаи фозила
Форобӣ дар китоби маъруф ба “Мадинаи фозила”-и худ ҷомеаҳои инсониро ба “фозила” ва “ҷоҳила” тақсим мекунад.
Дар бораи мадинаи фозила мегӯяд: мадина (яъне ҷомеа)-и фозила мадинае аст, ки мардумони он ба умуре машғул бошанд, ки дар ниҳоят онҳоро ба сӯи саодат раҳнамун созад.
Ва аммо дар бораи мадинаи ҷоҳила, (ки Форобӣ онро дар муқобили мадинаи фозила қарор додааст) мегӯяд: мардуми мадинаи ҷоҳила на танҳо саодатро намешиносанд, ки саодат ҳатто ба зеҳнашон хутур намекунад. Аз ин рӯ, агар онҳоро ба саодат ҳидоят кунӣ, ба сӯи он намераванд ва агар аз саодат барои онҳо бигӯӣ, ба он эътиқод намеварзанд. Аз хубиҳо чизе намешиносанд, ба ҷуз саломати ҷисм ва вусъат дар баҳрабардорӣ аз лаззатҳо, ки агар ба он даст ёбанд, гумон мекунанд ба саодат даст ёфтаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ормонҳои сиёсӣ
Мусалмон кист?

Матолиби пурбоздид