Майк Блумберг: Исроил ба самти фоҷеа дар ҳаракат аст

Майк Блумберг: Исроил ба самти фоҷеа дар ҳаракат аст

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин,  Майк Блумберг шаҳрдори пешини Ню-Йорк ва тоҷири яҳудӣ изҳор дошт: Кобинаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири мувақати режими саҳюнистӣ зарарҳои зиёде ба эътилофҳои ин режим ворид карда аст.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ афзуд: Кобинаи Натаняҳу ҳамчунин амният, иқтисод ва низоми сиёсии Исроилро бо  хатар ру ба ру кард ва онро ба тарафи фоҷеа мебарад.

Блумберг бо ишора ба ҳаҷми ҳимоятҳои Амрико аз режими саҳюнистӣ, ки дар ду даҳаи ахир афзоиш ёфтааст, нисбат ба ояндаи ин режим ибрози нигаронӣ кард.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ дар бораи тарҳи Натаняҳу барои тағир дар системаи қазоӣ ин режим низ таъкид кард: Кобина дар талош аст нақш ва амалкарди дастгоҳи қазоро дар Исроил хунсо кунад.

Блумберг хотирнишон кард: Эҳсоси зарари иқтисодӣ амалан дар Исроил оғоз шудааст, резиши шокилаи пули режими саҳюнистӣ ҳам ҳувайдо аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тарҳи оштии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар СПАД
Оё “поёни Исроил” наздик аст?

Матолиби пурбоздид