Манорае дар Исфаҳон
Ҳудуди 700 сол пеш дар Исфаҳон масҷиде месохтанд.
Як рӯз пеш аз ифтитоҳи масҷид, коргарҳо ва меъморон ҷамъ шуда буданд ва охирин корҳоро анҷом медоданд.
Пиразане аз он ҷо рад мешуд, вақте масҷидро дид, ба яке аз коргарон гуфт:
— Фикр кунам яке аз манораҳо каме каҷ бошад.
Коргарҳо хандиданд, аммо меъмор, ки ин ҳарфро шунид, сареъ гуфт:
— Чӯб биёваред ва ба манора такя бидиҳед ва фишор бидиҳед.
Меъмор — дар замоне ки манораро фишор медоданд — мудом аз пиразан мепурсид:
— Модарҷон! Дуруст шуд?
Муддате тӯл кашид, то пиразан гуфт:
— Бале, ҳоло дуруст шуд.
Пиразан аз ин ки меъмор гӯш ба сухани вай кард, ташаккуре намуд ва дуое карду рафт.
Коргарҳо ҳикмати ин кори беҳуда ва фишор додани манораро пурсиданд.
Меъмор гуфт:
— Агар ин пиразан роҷеъ ба каҷ будани ин манора бо дигарон сӯҳбат мекард ва шойеа по мегирифт, ин манора то абад каҷ мемонд ва дигар наметавонистем асароти манфии ин шойеаро пок кунем. Ин аст, ки ман гуфтам, дар ҳамин ибтидо пеши онро бигирем.
(Манбаъ: Кашкул)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: