Манотиқи муҳоҷирпазири Русия
Муҳоҷират
Коршиносон муайян карданд, ки кадом минтақаҳо ва шаҳрҳои Русия дар байни хориҷиёне, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди кишвар шудаанд, нисбатан маъруфанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ 11,8 млн нафар коргарони хориҷӣ, бо шумули тамдиди сабти ном ва аз нав бақайдгирӣ дар сабти муҳоҷиратӣ қарор гирифтаанд.
Таъкид шудаст, ки беш аз 40% бақайдгирӣ ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд, ки дар ин ҷо дар давоми сол 4,8 млн сабти муҳоҷир ҷой доштаст.
Инчунин наздики 13%-и сабти муҳоҷирон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ё 1,5 млн сабт ба қайд гирифта шудаанд.
Минтақаи Краснодар – 2,7% ё 319 ҳазор сабти муҳоҷир
Вилояти Иркутск — 2,3% ё худ 275 ҳазор
Вилояти Свердловск — 2,2% ё худ 264 ҳазор нафар
Вилояти Амур – 1,8% ё мутаносибан 216 ҳазор
Минтақаи Приморский – 211 ҳазор нафар,
Тотористон – 1,6% ё 192 ҳазор,
Минтақаи Красноярск -1,5% ё 180 ҳазор нафар
Тақрибан сеяки ҳамаи сабти муҳоҷирони корӣ дар байни манотиқи дигари Русия тақсим шудааст.
Tajikistan.time24
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн