Марги боиззат беҳтар аз зиндагии бозиллат

Марги боиззат беҳтар аз зиндагии бозиллат аст
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳеч чиз барои инсон, беҳтар аз амният ва осоиш нест. Асосан, дар сояи амният ва осоиш аст, ки инсон пешрафт мекунад чӣ дар ҷанбаи маънавӣ ва чӣ моддӣ. Бинобар ин, ҷанг ва даргирӣ, ки муқобили амният ва осоиш ҳастанд, ҳамеша накӯҳида ва нописанд будааст.
Аммо, на ҳар амният ва осоише хоста ва матлуби инсон аст, балки он амният ва осоише матлуб аст, ки ҳамроҳ бо иззат ва сарбаландӣ ва озодӣ бошад. Осоише, ки ҳамроҳ бо зиллат ва хорӣ ва сарафкандагӣ бошад ва ин ки даҳонат ҳамеша баста аст ва натавонӣ чизеро, ки дуруст медонӣ бигӯӣ ва натавонӣ дар сарнавишти ҷомеаи худ саҳим бошӣ ва мисли, бибахшед, хар фақат фармонбардор бошӣ ва бар сарат ҳокиме қарор дошта бошад, ки диктотур ва худкома аст ва аз ту бихоҳанд фақат лаббайкгӯи он ҳоким бошӣ ва ӯ ҳар чи дилаш мехоҳад бикунад, дар ин сурат ва дар сояи чунин ҳукумат ва режиме зистан, агарчӣ ҳамроҳ бо амният ва осоиш ва ба истилоҳ, тинҷӣ аст, аммо мурдан аз он беҳтар аст.
Дирӯз, навори суханронии як нафар ба истилоҳ, “зиёӣ” ва “равшанфикр”-и тоҷикро дидам, ки мегуфт, ки имрӯз аз чаҳор тарафи дунё ҷуз хабари ҷанг ба гӯшамон намерасад ва дар мо аммо тинҷиву оромӣ аст ва бояд шукронаи ин тинҷиро бикунем ва аз ин ҳарфҳо…
Мехостам хидмати ӯ арз кунам: бале, тинҷӣ ва оромӣ ҳамеша матлуб аст ва касе, ки дунболи ҷангу даргирӣ аст, ӯ одами нурмол ва мӯътадил набудааст, дар ин шакке нест. Аммо ту аз кадом тинҷиву оромӣ мегӯӣ? Аз тинҷӣ ва оромие мегӯӣ, ки бар сарат як ҳокими диктотур ва худкома ва ситампешае қарор дорад, ки даҳони ҳамаро баста ва тамоми озодандешон ва дигарандешонро ба зиндон афкандааст ва зиндонҳояш пур аз одамони бегуноҳ аст?! Ин осоиш ва ба қавли мардум, тинҷӣ, оё ҷуз барои чорпоён, ба дарди касе мехӯрад?! Чорпо ҳам агар охураш пур бошад ва фақат бихӯрад ва бир..д ва касе коре ба кораш надошта бошад, чӣ хуш аст чунин зиндагӣ барояш! Аммо барои ИНСОН, агар ӯ ИНСОН аст, мурдан аз якчунин тинҷӣ ва оромӣ беҳтар аст.
Ин ки дида мешавад, фаластиниҳо ё яманиҳо ва ё ироқиҳо имрӯза даргиранд, ин даргириҳо ҳама барои дастёбӣ ба тинҷӣ ва оромӣ аст, вале оромии ҳамроҳ бо иззат ва сарбаландӣ ва ин ки ҳеч зӯргӯе ба ту зӯр нагӯяд. На ин ки инҳо хоҳони ҷангу даргирӣ бошанд. Ҳаргиз! Инҳо меҷанганд, то касе ба онҳо зӯр нагӯяд, ситам накунад, то озодаҳо аз зиндонҳо озод шаванд. Вагарна, инҳо ҳам метавонистанд мисли хар бихӯранду бинӯшанд ва бир…д ва касе коре ба корашон надошта бошад.
Озодии баён, иззат, сарбаландӣ ва ин ки ту дар ҷомеа дорои ҷойгоҳ бошӣ ва дар рақам хӯрдани сарнавишти ҷомеаи худ нақше дошта ва раъйи ту дар интихоби ҳоким ва намояндаҳои порлумон таъсиргузор бошад, инҳо бузургтарин неъмат ҳастанд. Зиндагӣ танҳо бо ин чизҳо мазза ва лаззат дорад. Ва бидуни инҳо аммо, мурдан беҳтар аст.
Ошкоро бигӯям: ҷомеаи Урупо ва Омрико имрӯза аз ин назар идеоланд; мардумонашон озод ва азизанд. Аммо айби корашон дар ин аст, ки ин арзишҳоро фақат барои худашон дуруст кардаанд, на барои дигарон. Ин айби корашон аст. Ва айби дигари ин ҷомеаҳо албатта, бе банду бории ахлоқӣ ва бединӣ аст.
Дар ҷомеаҳои мо мусалмонон аммо, аксарашон, бо камоли таассуф, на инанд ва на он. “Хасирад дунё вал-охира” ҳастанд. На мардумонашон озодӣ доранд мисли урупоиҳо ва на ҳатто ахлоқ ва диндорӣ доранд. Бале, аз ахлоқ низ тиҳӣ шудаанд. Диндоронаш ҳам аксаран бехирад ва мутааъассиб ва бадахлоқ, дар ҳоле, ки аввалин нишонаи диндорӣ, ахлоқ аст.
Ҳатто дар ҳамин Эроне, ки алъон зиндагӣ мекунам, бо ин ки низомаш то ҳадде бароям идеол аст (барои банда, аммо ин ки дар назари дигарон чӣ гуна аст, феълан коре ба он надорам), вале бо ин ҳама, боз айбҳое чӣ дар ҷомеааш ва чӣ дар ҳукуматаш дида мешавад, ки кош бартараф мешуд! Шиори инқилоби исломии Эрон, ки “Озодӣ, Истиқлол ва Ҷумҳурии Исломӣ” буд, дар ду тои ахираш яъне истиқлол ва ҷумҳурии исломӣ, муваффақ шуданд, воқеан мустақил ва ҳам исломӣ ҳастанд. Аммо дар озодӣ ҳанӯз аз он чи идеол аст, ба дуранд. Даҳон бастанҳо ҳаст, накуну бикунҳо ҳаст, маҳрум кардани ину он ҳаст, мутаассифона! Эй кош дар озодӣ мисли ҷомеаҳои Урупо ва Омрико мегардид! (На бе банду борӣ, иштибоҳ нашавад.)
Ба ҳар сурат, умедворам, ҷомеаҳои мо, мусалмонҳо, рӯзе идеол шаванд, ҳам дар ноҳияи ахлоқмадорӣ ва диният ва ҳам дар ноҳияи озодӣ доштани инсонҳо, қатъи назар аз ин ки чӣ ақидае дорад, диндор аст ё бедин, ҳама озоди озод бошанд, ҳамон тавре ки хостаи Қуръон низ ҳамин аст.
Бо ду ҷумлаи маъруфи Имом Ҳусайн, мехоҳам ёддоштамро ба поён бирасонам:
مَوْتٌ في عِزٍّ خَيْرٌ مِنْ حَياة في ذُلٍّ
“Марги бо иззат беҳтар аз зиндагии бо зиллат аст.”
الْمَوْتُ خَيْرٌ مِنْ رُكُوبِ الْعارِ
“Марг, беҳтар аз зиндагии нангин аст.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоимат ва мудоро дар хонавода
Бобоҷон Ғафуров: Падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам!

Матолиби пурбоздид