Масъуди Пизишкиён: Барои ҳар гуна иқдоми низомӣ омодаем

Масъуди Пизишкиён: Барои ҳар гуна иқдоми низомӣ омодаем

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи “Алҷазира” гуфт: “Исроил ба дунболи тағйир, таҷзия ва ҳазфи Эрон аз тариқи ҳарҷу марҷ ва нобудии ҳукумат буд, аммо шикаст хӯрд.”

Вай дар ин мусоҳиба, ки соате пеш мунташир шуд гуфт: “Мо барои ҳар гуна иқдоми низомии Исроил омодаем ва нерӯҳои мо омодаанд, то дубора ба умқи Исроил ҳамла кунанд.”

Пизишкиён тавзеҳ дод: “Исроил заработе ба мо ворид кардааст ва мо бо қудрат ба умқи он зарба задаем, аммо онҳо талафоти худро пинҳон мекунанд.”

Вай дар идома изҳор дошт: “Исроил, ба дунболи тағйир, таҷзия ва ҳазфи Эрон аз тариқи ҳарҷу марҷ ва нобудии ҳукумат буд, аммо шикаст хӯрд.”

Бар ин асос, раиси ҷумҳури Эрон идома дод: “Шакке нест, ки нуфузҳое дар кишвари мо рух додааст, аммо омили таъйинкунанда дар он, фанноварии омрикоӣ ва баҳрабардорӣ аз қобилиятҳои он будааст.”

Пизишкиён бо баёни ин ки мо ҷанг намехоҳем, аммо ба қатъӣ будани оташбас низ такя намекунем, тасреҳ кард: “Вале бо қудрат аз худ дифоъ хоҳем кард. Исроил аз ҳар гуна сӯҳбате дар мавриди муваффақияти ҳамалоти мушакии мо ҷилавгирӣ мекунад, аммо дархости он барои таваққуфи ҷанг нишонгари чизҳои зиёде аст.”

Вай гуфт: “Эрон таслим нашуда ва нахоҳад шуд ва ин барои ҳама равшан аст, аммо мо ба диплумосӣ ва гуфтугӯ эътиқод дорем.”

Раиси ҷумҳури Эрон хотирнишон кард: “Кишварҳои минтақа ҳаргиз чунин ҳимоятеро, ки дар ҷанги ахир аз Эрон гирифтанд, нагирифтаанд. Мо комилан омодаем, то мафҳуми амнияти ҷамъии муштаракро бо ҳамсоягони араб ва соири кишварҳои минтақа тадвин кунем.”

Пизишкиён зимни эъломи мухолифати дубора бо доштани силоҳи ҳастаӣ, таъкид кард: “Ин мавзеъи сиёсӣ, мазҳабӣ, инсонӣ ва роҳбурдии мост. Ғанисозии ураниум дар хоки мо дар оянда дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ идома хоҳад ёфт.”

Раисиҷумҳури Эрон дар бораи музокира гуфт: “Гуфтани ин ки барномаи ҳастаии мо тамом шуда, як таваҳҳум аст. Қобилиятҳои ҳастаии мо дар зеҳни донишмандони мост, на дар таъсисоти мо.”

Пизишкиён дар бораи амалиёти интиқомии Эрон алайҳи пойгоҳи омрикоии “Алъадид” изҳор дошт: “Мо ба кишвари Қатар ҳамла накардем ва наметавонем ин корро анҷом диҳем. Ин кишвар бародари мост ва мардуми он бародарони мо ҳастанд ва мо аз ҳар назар аз онҳо ҳимоят мекунем.”

Вай дар бораи ин мавзӯъ тасреҳ кард: “Мо кишвари Қатар ё қатариҳоро ҳадаф қарор надодем. Балки ба як пойгоҳи омрикоӣ, ки кишвари моро бомбборон карда буд, ҳамла кардем. Ман эҳсосот ва мавзеъи қатариҳоро дар мавриди он чи иттифоқ афтода дарк мекунам ва ба ҳамин далел аст, ки бо бародарам, амири кишвари Қатар, телефонӣ сӯҳбат кардам.”

Раисиҷумҳури Эрон изофа кард: “Тамоми нияти мо нисбат ба кишвари Қатар хуб, мусбат ва бародарона аст ва мо омодаем, то дар ҳар заминае, ки дархост кунад, ба онҳо кӯмак кунем.”

Пизишкиён дар посух ба суоли хабарнигори Алҷазира дар мавриди талоши режими саҳюнистӣ барои сӯиқасд ба ҷони вай гуфт: “Он воқеа бахше аз талошҳои Исроил барои терури сарони сиёсӣ пас аз сарони низомӣ буд.”

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тамаддун дар баробари туфанг
Ироқчӣ: Ҳамеша аз меҳвари муқовимат ҳимоят мекунем

Матолиби пурбоздид