Масъули исроилӣ: “Меҳвари шиа таҳдидкунандаи Исроил ва кишварҳои миёнарави исломӣ аст”

Масъули исроилӣ: “Меҳвари шиа таҳдидкунандаи Исроил ва кишварҳои миёнарави исломӣ аст”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши сойти давлатии исроилии Times of Israel, Эли Коэн, вазири умури хориҷаи собиқи Исроил, ки ҳамакнун вазири энержӣ аст, гуфт: “Оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ мумкин аст, ҳатто агар Исроил монеи ташкили кишвари Фаластин шавад.”
Коэн идома дод: “Сулҳ бо Арабистон комилан мумкин аст. Ҷанги 7 октябр ин воқеиятро барҷаста кард, ки Арабистони Саудӣ ба ҳамон андоза, ки Исроил ба он ниёз дорад, ба ин сулҳ ниёз дорад.”
Вай хитоб ба Арабистони Саудӣ идома дод: “Абзорҳоеро дар дараҷаи аввал аз Омрико барои муқобила бо таҳдид ва теруризми Эрон дарёфт хоҳед кард.”
Вазири Исроил бо ишора ба ҳамлаи соли 2019 ба ду таъсисоти бузурги нафтӣ дар Биқейқ ва Хариси Арабистони Саудӣ гуфт: “Чӣ касе 4 сол пеш ба Арабистон ҳамла кард?” Худаш посух дод: “Эрон ва Ҳусиҳо.”
Коэн гуфт: “Ин ҷанг таъйидкунандаи аҳаммияти иттиҳод ва суботи минтақаӣ аст. Меҳвари шиъа таҳдидкунандаи Исроил ва кишварҳои миёнарави исломӣ аст.”
Вай афзуд: “Аввалин ва аслитарин чизе, ки саудиҳо мехоҳанд, амнияти онҳост, то бо таҳдиде, ки бар сари онҳо мавҷ мезанад, муқобила кунанд.”
Вай идома дод: “Давлати Фаластин чизе аст, ки ман намебинам иттифоқ биафтад, мо дидем, ки Исроил аз Ғазза (15-16 сол пеш) ақибнишинӣ кард ва Ғазза бо кӯмаки молии Эрон ба як кишвари теруристӣ табдил шуд, ки тавассути ҷунбиши теруристии Ҳамос идора мешавад.”
Гуфтанист, аввалҳои ин ҳафта, шоҳзода Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон гуфт, оддисозии равобит бо Исроил “ҷуз бо ҳалли масъалаи Фаластин ҳосил намешавад.”
Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, танҳо роҳи оддисозии равобит бо Исроил, суботи минтақаӣ ва ҳалли масъалаи Фаластин аст.
Ин вазири Арабистони Саудӣ дар посух ба суоли шабака омрикоии CNN мабнӣ бар адами имкони барқарории равобити оддӣ (бо Исроил) бидуни масири мунтаҳӣ ба як кишвари пойдори фаластинӣ гуфт: “Ин танҳо роҳи расидан ба ин ҳадаф аст. Бинобар ин, бале. Зеро мо ба субот ниёз дорем. Субот танҳо бо ҳалли масъалаи Фаластин ҳосил мешавад.”
Аввалҳои моҳи ҷорӣ, шоҳзода Холид бен Бандар Оли Сауд, сафири Арабистон дар Бритониё, дар мусоҳиба бо ВВС гуфт, то замоне, ки бахше аз роҳи ҳалли ташкили ду кишвари Исроил ва Фаластин вуҷуд дошта бошад, Риёз барои барқарории равобит бо Исроил омодааст.
Изҳороти сафири Арабистон як рӯз пас аз дидори Энтуни Блинкен, вазири умури хориҷаи Омрико бо шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон дар Арабистони Саудӣ матраҳ шуд.
Блинкен дар мавриди оддисозии равобит байни Исроил ва Арабистони Саудӣ, ба хабарнигорон гуфт: “Мо дар воқеъ дар ҳар истгоҳи ин сафар дар мавриди он сӯҳбат кардем, албатта дар инҷо дар Арабистони Саудӣ.” Вай афзуд: “Дар инҷо манофеъи ошкоре барои анҷоми ин кор вуҷуд дорад, аммо ин мусталзими поён додан ба даргирӣ дар Ғазза ва ёфтани роҳе амалӣ барои ташкили кишвари Фаластин аст.”
Арабистони Саудӣ Исроилро ба расмият нашинохта ва ба тавофуқномаи Иброҳим, ки дар соли 2020 бо ҳимояти Омрико байни Исроил ва Аморот, Баҳрайн, Судон ва Марокаш имзо шуд, напавайст.
Сентябри гузашта, валиаҳди саудӣ дар мусоҳибае бо шабакаи омрикоии Fox News гуфт, ки оддисозии Арабистони Саудӣ бо Исроил “ҳар рӯз наздиктар ва наздиктар мешавад”.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фили сиёҳ – 2
Ҳамла ба як киштӣ дар соҳили Адан

Матолиби пурбоздид