Масъулиятшинос бошем

Масъулиятшинос бошем

Масъулиятпазирӣ яке аз муҳимтарин хусусияти инсонист ва таъсири бисёр зиёде дар чигунагии нигоҳи дигарон ба шахсияти мо дорад.

Агар дар ҳар муҳите ба унвони инсони масъулиятшинос ва масъуиятпазир шинохта шавед, дигарон ба гунаи хоссе бар рӯи шумо ҳисоб мекунанд ва ба иборати дигар, бештар ба шумо эътимод ва бовар мекунанд.

Вақте шумо бовар ва эътимоди дигаронро ба даст овардед, муваффақиятҳои бисёре дар ҳамаи заминаҳо насиби шумо хоҳад шуд.

Вақте масъулиятшинос ҳастед, ҳатто агар ба вазифаатон алоқаманд набошед, боз ҳам корҳоятонро дар вақташ ба анҷом мерасонед, чаро ки дучори парешонӣ ва нигаронӣ мешавед. Вақте қавле медиҳед, сари қавлатон мемонед.

Масъулиятпазирӣ кумак мекунад, то замони худро хуб мудирият кунед ва ба аҳдофатон бирасед.

Албатта масъулиятпазирӣ ҳам бояд дар ҳадди қобили қабул бошад, яъне дар ҳадде, ки мо аз ӯҳдаи он кор бароем. Пас, муҳим аст, ки дар як ҳадди қобили қабул масъулиятпазир бошем. Масъулияти беш аз ҳад мумкин аст боис шавад, нохоста худро сарзаниш кунем.

Аз тарафи дигар, сарзаниши афроди дигар дар шароити ногувор, монеи пешрафт мешавад.

Вақте дар мавриди шикасти худ фикр мекунед, дар паи тавзеҳот бошед, на баҳона. Далоиле, ки боиси шикаст шудааст, шиносоӣ кунед ва мушаххас кунед, ки дафъаи баъд чӣ кори мутафовите анҷом диҳед.

Бояд саъй кунем, масъулияти зиндагии худро бар ӯҳда бигирем, ин ҷумла ба ин маъност, ки масъулияти қудрати тафаккур, эҳсосот, сӯҳбатҳо ва амали худро бар ӯҳда бигирем. Зеро мо зиндагии худро бо афкор, эҳсосот, калимот ва аъмоли худ эҷод мекунем.

Мо инсонҳо масъулияти корҳоеро қабул мекунем, ки он кор аз назари мо мантиқӣ бошад ва ин мантиқ низ аз афкори мо сарчашма мегирад. Албатта ҳеч кас наметавонад моро маҷбур ба фикр кардан, эҳсос кардан, гуфтан ё нагуфтан бикунад, мо бо ихтиёри худамон фикр мекунем, тасмим мегирем ва масъулияти кореро мепазирем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сухангӯи гурдонҳои Қассом: “Тӯфон ал-Ақсо сароғозе барои поёни қадимитарин ишғолгарӣ дар таърихи муосир аст”
Мехоҳам зиндагии беҳтаре дошта бошам

Матолиби пурбоздид