Масъулони кишварӣ муроқиби исроф бошанд

Фарҳанг

Масъулони кишварӣ муроқиби исроф бошанд

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Масъулон ва дастгоҳҳо муроқиби мавзӯи исроф бошанд, бахусус дар заминаи сафарҳо”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати вазирон аз ҷумла гуфт:

“Бисёре аз сафарҳо воқеан зарурате надоранд. Чӣ лузуме дорад, ки ин ҳама сафар анҷом шавад, он ҳам бо ҳамроҳони ду ё се баробари теъдоди мавриди ниёз? Агар сафар воқеан лозим бошад, бояд бо ҳадди ақалли теъдоди мумкин ва танҳо бо афроде, ки ҳузурашон зарурат дорад, анҷом шавад.”

Вай афзуд: “Иқомат дар ҳутелҳои гаронқимат низ масъалаи дигарест; вақте метавон аз имконоти соддатар истифода кард, ҳазинаи беш аз ҳад дар маҳалли иқомат навъе исроф маҳсуб мешавад ва бояд аз он парҳез кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Вақте манобеъ маҳдуд аст, табиатан бояд ҳазинаҳо низ маҳдудтар шавад. Ин асли соддаест, ки аз гузашта ҳам онро тавсия мекарданд… Бинобар ин, ибтидо бояд манобеъ таъмин шавад ва сипас ба фикри ҳазина ва барномарезӣ барои махориҷ буд.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъҷиза
Бояд ба маишати мардум расидагӣ шавад

Матолиби пурбоздид