Масҷид – омили ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон

Масҷид – омили ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон
Марсел дар китоби (Humanisme de L, Islam) дар бахши “Ислом дар ҷаҳони имрӯз”, дар ин бора менависад:

Масҷид омили неруманд дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон аст ва аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангии онро аз ин бобат наметавон нодида гирифт, бахусус дар рӯзгори муосир, ки мусулмонон шавқу шӯри садри Исломро дубора аз худ нишон медиҳанд, масоҷид ба сурати марокизи тарбияти рӯҳонӣ ва пойгоҳи ҷунбиши уммати мусулмон нисбат ба ситамгарон ва султаҷӯён даромадааст.

Андак-андак масоҷид мавқеияти солҳои нахустини зуҳури Исломро ба даст овардаанд.

Таъсиси китобхонаҳо ва толори иҷтимоот дар даруни масоҷид ин ҳақиқатро ошкор месозад, ки масоҷид дар Ислом ба он гуна ки баъзе пиндоштаанд, мунҳасиран барои адои фаризаи намоз нест ва яқинан яке аз марокизи сиёсӣ ва фарҳангии муҳимми Ислом аст.

Иқомаи намози ҷумъа василаест барои гирдиҳамоии мусулмонон дар тарҳи масоили муҳимми иҷтимоӣ ва баҳсу гуфтугӯ дар боби камбудҳои рафоҳӣ; назири беҳдошт, хона ва маскан, тасмимгириҳои сиёсӣ, масоили тахассусӣ ва ғайри он. Дар ҳақиқат, барпоии намози ҷумъа, ба кор гирифтани ибодати Худованд аст, дар роҳи хидмат ба уммат. Гирдиҳамоии ҷумъа, ба вижа дар солҳои охир, дар мамолики озодшуда тавассути Ислом, таъсир ва короии бисёре доштааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беҳтарин ахлоқ дар баёни Расули Акрам(с)
Афроди муваффақ рӯъёҳои бузурге доранд

Матолиби пурбоздид