Мафҳуми “таҷаддуд” дар каломи ҷадид
Фикри таъсиси каломи ҷадид, ангезае ҷуз дифои илмӣ ва муқаффақ аз таолими динӣ дар асри ҳозир ва даъвати ҷаҳони муосир ба андешаи динӣ надорад. Бинобар ин, ҷазмият бар каломи қудамо, ки албатта мутаносиб бо асру замони онҳо ва посухгўи муваффақи он давра будааст, набояд монеъ аз ироаи каломи муосир шавад.
Тасаввури ағлаби толибони илм аз каломи ҷадид, дар назари аввал, чизе ҷуз масоили ҷадиди каломӣ нест. Аммо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки каломи ҷадид агарчи дар тўли каломи қадим аст ва ихтилофи ҷавҳарӣ бо он надорад, валекин нав будани каломи ҷадид абъоди мухталифе дорад, ки масоили ҷадиди каломӣ танҳо яке аз он абъод аст. Бинобар ин гумони ин ки каломи ҷадид чизе ҷуз масоили ҷадиди каломӣ нест дар воқеъ бар муғолитаи кунҳ ва ваҷҳ мубтанӣ аст.
Абъоди мухталифи таҷаддуд дар илми калом иборатанд аз:
1.Таҷаддуд дар масоил
Масоили дониши калом ба ду далел нав мешавад: далели нахуст, таҷаддуд дар шубаҳот ва интиқодҳоест, ки тарҳ мешавад. Аҳамми вазоифи калом рафъи шубаҳот ва посухгўӣ ба интиқодҳои мухолифин аст ва шубаҳот бо таҷаддуди дониш ва фарҳанги мусташкил, нав мешавад. Мухолифон дар ҳар асре интиқодҳои ҷадидеро матраҳ мекунанд. Рўзгоре дар ҳаққонияти дин ва сидқу кизби қазоёи динӣ сухан мерафт, дар ҳоле ки дар асри ҳозир фоидаи он мавриди баҳс воқеъ мешавад.
Далели дуюми таҷаддуди масоили илми калом, боландагии масоилест, ки мутакаллим мутаносиб бо асри хеш ва ба далели такомул дар маърифати башар ба миён меорад. Муқоисаи иҷмолӣ байни кутуби каломии қуруни аввалия бо кутуби каломии қарни ҳафтўми ҳиҷрӣ нишон медиҳад, ки мутакаллим чӣ гуна ба масоили ҷадид мепардозад. Албатта тарҳи масоили ҷадид ба маънои тарҳи боварҳои динӣ нест, балки сухан дар ин аст, ки порае аз боварҳо ва таолими динӣ дар асре ба сурати масъалаи каломӣ матраҳ мешаванд. Ба унвони мисол хотамият дар кутуби каломии қарни ҳафтўм ба манзалаи масъалаи каломӣ матраҳ нашудааст, дар ҳоле ки мутакаллими муосир онро ҷузъи масоили каломӣ медонад.
2.Таҷаддуд дар равиш
Илми калом ваҳдати равишӣ надорад. Бисёре аз улум ваҳдати равишӣ доранд, ба ин маъно, ки исботи масоили илм ба равиши муайяни таърифшудае мубтанӣ аст. Ба унвони мисол, улуми бурҳонӣ ба равиши бурҳон устуворанд, дар ҳоле ки улуми таҷрибӣ аз равиши таҷриба табаият мекунанд. Аммо дониши калом бино ба таъриф, дорои равиши воҳиди муайяне нест, зеро вазифаи илми калом тавзеҳи таолими динӣ ва исботи онҳо ва рафъи шубаҳот аст, ба тавре ки таолими динӣ назди мухотабон мақбул афтад. Ин мусталзими он аст, ки аввалан ба табаи таҷаддуд дар фаҳми мухотаб ва сониян ба табаи нав шудани шубаҳот, равиши мутакаллим низ нав шавад.
Равише, ки мутакаллим дар табйини мафоҳими динӣ ва исботи боварҳои мазҳабӣ иттихоз мекунад, ба василаи фарҳанги умумии мухотабон ва сатҳи дониш ва иттилооти онҳо муайян мегардад. Дар асре равишҳои қиёсӣ-мантиқӣ мақбул меафтад ва дар рўзгоре эҳтиҷоҷҳои ҷадалӣ ривоҷ меёбад ва замоне мухотабон ба адиллаи таҷрибӣ ва шавоҳиди истиқроӣ ва равиши оморӣ аҳамият медиҳанд. Таърихи илми калом нишон медиҳад, ки мутакаллими ошно бо мухотабони худ, замоне аз орои машҳур ва равиши ҷадалӣ истифода мекунад ва дар шароити дигаре ба далелҳои бурҳонӣ рўй меорад ва дар асре низ аз истидлоли таҷрибӣ кўмак мегирад.[1]
Ба унвони мисол, мутолиаи таърихӣ адиллаи исботи вуҷуди сонеъ назди мутакаллимон, бахусус мутакаллимони масеҳӣ, ин ҳақиқатро ошкор мекунад.
Далели дигари таҷаддуд дар равиши илми калом, таҷаддуд дар масоил ва шубаҳот аст. Ба унвони мисол, рафъи шубаҳоти мансуб ба Ибни Камуна, ба равиши хоссе устувор аст ва посухгўӣ ба шубаҳоти касоне монанди Фоер Бох ва Фрайд дар пайдоиши дин мўҳтоҷи равиши дигаре аст. Ба таври куллӣ ҷавоби ҳар шубҳае абзори хоссе металабад. Шубаҳоти ҷомеашиносон ба равиши улуми иҷтимоӣ посух дода мушавад ва шубаҳоти файласуфони позитивист бо абзори хосси онҳо посухи худро меёбад. Бинобар ин ба табаи тарҳи шубаҳот, ҳам масоили илми калом нав мешавад ва ҳам рвиши он.
3.Таҷаддуд дар забон
Забон на танҳо абзори иртиботи байни азҳон аст (иртиботи каломӣ), балки ба далели рабти васиқи алфоз ва маъно, абзори андеша низ мебошад. Хоҷа Насируддини Тўсӣ бар ин нукта таваҷҷўҳ намудааст, ки рабт ва алоқаи байни лафз ва маъно ба андозаест, ки дар ағлаби маворид интиқолҳои зеҳнӣ (андеша) ба василаи алфоз сурат мегирад.[2] Ба ҳамин далел, таҳаввул дар забон ба наҳве таҳаввул дар андешаро дар пай дорад. Аз тарафи дигар, пайдоиши забонҳои гуногун бахусус гуногунӣ дар тўл[3] таҳаввули доимӣ дар забонро ошкортар кардааст. Илми калом бар хилофи улуми бурҳонӣ ва таҷрибӣ забони илмии дақиқ надорад, балки мутакаллим мутаносиб бо мухотабони худ забони хоссеро интихоб мекунад.
4.Таҷаддуд дар мабонӣ ва мабодӣ
Муҳимтарин бўъди таҳаввул ва таҷуддуд дар илми калом, ба назри мо, таҷаддуд дар мабодӣ аст. Илми калом, монанди ҳар дониши дигаре бар мабодии тасаввурӣ ва тасдиқии хоссе мубтанист. Бархе аз мабодии илми калом, мавриди таваҷҷўҳи сареҳи мутакаллимон қарор гирифтааст. Монанди мабодии маърифатшинохтӣ ва мабодии ҳастишинохтӣ, ки ағлаби мутакаллимон онҳоро ба унвони умури оммаи илми калом дар оғози кутуби хеш овардаанд. Аммо бахши муҳимме аз мабонии илми калом, аз қабили мабонии инсоншинохтӣ ва мабонии табиатшинохтӣ, мавриди таваҷҷўҳи сареҳи мутакаллимон набуда ва лизо дар кутуби каломӣ низ мавриди баҳс воқеъ нашудааст.
Мабодии илми калом, аам аз тасаввурӣ ва тасдиқӣ, метавонад дар маърази таҳаввул бошад. Ба унвони мисол, ба табаи таҷуддуд дар табиатшиносӣ, мабодии мутакаллим низ нав мешавад ва ба табаи таҷаддуди мабодӣ, равиш ва ҳатто масоили калом низ таҳаввул меёбад. Оё мутакаллими муосир метавонад масъалаи ваҳдати фоилии офаридгори ҷаҳон (тавҳиди фоилӣ)-ро ба равиши мутакаллимони қуруни гузашта бар куравияти олам ва имтинои халаъ ва масоиле монанди он бино ниҳад?
5.Таҷаддуд дар ҳувият
Илми калом монанди соири улум, амри моҳувии дафъиюлҳусул нест, балки калом чизе нест ҷуз масоили каломие, ки ба таври равишманд ва мубтанӣ бар мабодии хоссе исбот мешавад. Масоил ба тадриҷ матраҳ мегардад ва равишҳои мухталиф ба кор меравад. Бинобар ин илми калом як ҳувияти тадриҷиюлҳусул дорад, ки ба тадриҷ зуҳур карда ва боланда мешавад. Каломро дар ҳар замоне, ки лиҳоз кунем, нисбат ба замони собиқ, ҷадид ва нисбат ба замони оянда қадим мебошад. Таҷуддуд ба ин маъно ихтисос ба илми калом надорад, балки ҳар маърифати башарӣ тадриҷиюлҳусул ва як амри боланда буда ва батадриҷ шукуфо мегардад.
Таҷаддуд дар илми калом, ду сурати мутамоиз дорад:
а) Сурати муштарак бо дигар донишҳо;
б) Сурати хосси илми калом.
Ба иборати дигар, илми калом илова бар таҷаддуди тадриҷии ҳамешагӣ, ки ба далели маърифати башарӣ будан дорад, аз таҳаввул ва таҷаддуди дафъӣ ва решаӣ низ бархурдор аст, ки хосси илми калом мебошад. Имрўза пас аз Реннесанс, бо таҳаввули решаие дар илми калом мувоҷеҳ ҳастем, ки ба табаи зуҳури донишҳои таҷрибӣ ва шукуфоии чашмгири онҳо рух додааст. Таҷаддуд ба ин маъно, агрчӣ дар мағрибзамин зуҳур кардааст, лекин дар ҳеҷ фарҳанги динӣ гурезе аз он нест. Дар асри ҳозир мутафаккири диндор аз тарафе бо мухолифоне мувоҷеҳ аст, ки на танҳо забон ва равиши комилан ҷадиде доранд, балки интиқодҳо ва шубаҳоти онҳо низ аз мабонии маърифатӣ ва фалсафии ҷадид нашъат гирифтааст, ба тавре ки бидуни ошноӣ бо он мабонӣ наметавон дар мақоми дифоъ аз таолими динӣ баромад. Аз тарафи дигар, ҷавомее, ки дар ҷаҳони муосир мухотаби мутакаллим ҳастанд, зеҳну забони тозае доранд, ба гунае ки бисёре аз мафоҳим, тасвири ҷадиде ёфта ва мутакаллимро ночор месозад, ки бо ин зеҳну забони нав маънус ва ҳамдил гардад, масоил ва мафоҳими ҷадиде тарҳ кунад ва равиши наверо пеш гирад.
Бинобар ин агар дониши каломро як илми зотан мутаҷаддид талаққӣ кунем, иғроқ накардаем. Калом бар асоси таъриф, донишест асрӣ ва агар мутакаллимони муосир, каломи ҷадидро бино нанамоянд, дар воқеъ дар ироаи каломи муосир, ки дар табйини мафоҳими динӣ, исботи таолими осмонӣ ва дифоъ аз боварҳои динӣ дар асри ҳозир тавоно бошад, кўтоҳӣ кардаанд. Фикри таъсиси каломи ҷадид, ангезае ҷуз дифои илмӣ ва муваффақ аз таолими динӣ дар асри ҳозир ва даъвати ҷаъони муосир ба андешаи динӣ надорад. Бинобар ин ҷазмият бар каломи қудамо, ки албатта мутаносиб бо асру замони онҳо ва посухгўи муваффақи он давра буд, набояд монеъ аз ироаи каломи муосир шавад.
(Аҳади Фаромарзи Қаромаликӣ)
[1] Лузуми истифода аз равишҳои мутанаввеъ ва мутаносиб бо мухотаб дар каломро метавон аз ояти 125 сураи муборакаи Наҳл бардошт кард.
[2] Тўсӣ, Хоҷа Насируддин. Шарҳи Ал-ишорот, ҷ.1, саҳ.22
[3] Гуногунӣ ва танаввўи забонҳои форсӣ, арабӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва ё танаввўи забонҳои хосси синфҳои мухталиф мисли забони тўдаи мардум, забони тоҷирон ва забони табибон, танаввўи арзии забон аст ва танаввўи забонҳои илмӣ, урфӣ, намодӣ, устураӣ ва ғайра танаввўи тўлии забон мебошад.