Маъно ва мафҳуми амр ба маъруф

Маъно ва мафҳуми амр ба маъруф

Сабки зиндагӣ

Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мактаб (идеоложӣ) аст.

Амр ба маъруф, нишонаи ишқи инсон ба мардум аст.

Амр ба маъруф, нишонаи тааҳҳуд ва сўзу алоқаи инсон ба саломатии ҷомеа аст.

Амр ба маъруф, нишонаи тавалло ва табарро аст.

Амр ба маъруф, нишонаи озодӣ дар ҷомеа аст.

Амр ба маъруф, нишонаи иртиботи байни мардум аст.

Амр ба маъруф, нишонаи фитрати бедор аст.

Амр ба маъруф, ҳозиру ғоиби воҷибот аст; чаро намоз нахондӣ? Чаро рўза нагирифтӣ?

Амр ба маъруф, зомини иҷрои тамоми воҷибот ва наҳй аз мункар зомини тарки ҳамаи муҳаррамот аст.

Амр ба маъруф, ташвиқи некўкорон дар ҷомеа аст.

Амр ба маъруф, тазаккур ва огоҳ карадани ашхоси ҷоҳилу нодон аст.

Наҳй аз мункар, талх кардани коми хилофкорон аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар гоз ва тормозе аст, ки мошини ҷомеаро ҳидоят мекунад.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари волидайн аст, ки асоси тарбияти кўдакро ташкил медиҳад.

Амр ба маъруф, сабаби дилгармӣ ва қувват гирифтани ашхоси камирода мешавад.

Амр ба маъруф, нишонаи ҳузур дар саҳна аст.

Амр ба маъруф, мақом ва ҳаққест, ки Худованд ба аҳли имон додааст то ба аъмоли якдигар назорат дошта бошанд.

Наҳй аз мункар, ҷубронкунандаи камбудии тақвои баъзе аз аъзои ҷомеа аст.

Амр ба маъруф ҷомеаро рушд медиҳад ва наҳй аз мункар ҷомеаро аз суқут наҷот медиҳад.

Амр ба маъруф, ҳофизи марзҳо ва ҳуқуқи афрод аст; ва ҷомеаи бефарёд ҷомеаи мурда аст ва афроди сокит аз ҷумодоти нафаскашанда бештар нестанд.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва мушкилоти мардумро мушкилоти худ донистан аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе карантини руҳӣ дар муқобили айбҳо ва гуноҳони сирояткунанда аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, навъе инзиботи иҷтимоӣ аст, яъне маҳдуд кардани тамоюлҳои ашхос дар муқобили салоҳи ҷомеа; дар воқеъ навъе назорат кардани афроди лоуболӣ аст.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, нишонаи рушд аст.
Бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, масоили дохилии ҷомеа ҳал мешавад ва метавонад бо душманони хориҷӣ муқобила кунад.

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одоби иҷтимоӣ
Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Матолиби пурбоздид