Маънои “давлат”

Маънои “давлат”
Мафоҳим 
Ғолибан вожаи “давлат”-ро ё ба маънои “ҳукумат” медонанд ё “сарват” ва ё ҳатто ба маънои кишвар. Дар ҳоле ки ин вожа маъное тамоман дигар дорад. “Давлат” вожае арабист ва ба маънои “ҷобаҷоии қудрат (ва ё сарват)” аз як шахс ба шахси дигар, аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар аст. Араб мегӯяд:
دال الزمان: دار، وانقلب من حال الی حال
Яъне, “Рӯзгор аз ҳоле ба ҳоли дигар мунқалиб мешавад”.
Қуръони Карим мефармояд:
وَتِلْكَ الأيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ النَّاسِ
“Мо ин рӯзҳоро (яъне, рӯзҳои шикасту пирӯзиро) миёни мардум ба навбат мегардонем…” (Сураи Оли Имрон, ояти 140)
Ин ҳам, ки ба як ҳукумат вожаи давлатро ба кор мегиранд, ба ин ҷиҳат аст, ки ҳукумат ва қудрат танҳо дар дастони як гурӯҳ ва ё як шахс боқимонданӣ нест, балки суннати таърих ва суннати Худо бар ин асос устувор аст, ки қудрат аз дасте ба дасте ва аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар мунтақил хоҳад шуд.
Саъдии Шерозӣ чӣ олӣ гуфтааст:
Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,
К-ин давлату мулк меравад даст ба даст.
(Аз сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, (фейсбук))
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси ҷумҳури Эрон, хитоб ба нерӯҳои амрикоӣ: “Зудтар минтақаро тарк кунед!”
Идомаи ҳамкориҳои низомии Русия ва Чин

Матолиби пурбоздид