Мағзи мутафаккири амалиёти Ҳамос

Таҳлили хабарӣ
Мағзи мутафаккири амалиёти Ҳамос
Мағзи мутафаккири амалиёти Ҳамос дар Исроил чӣ касе аст?
Хабаргузории Reuters ва France24 ба таври ҳамзамон навишторе дар мавриди мағзи мутафаккири амалиёти шанбеи Ҳамос алайҳи Исроил бо номи “Тӯфони ал-Ақсо” мунташир кард, ба шарҳи зайл:
Муҳаммад Диёб Иброҳим ал-Мисрӣ (зодаи 1965 дар Хон Юнуси Фаластин), яке аз фармондеҳони баландпояи Ҳамос аст, ки ба унвони фармондеҳи гурдонҳои Иззуддин Қассом (шохаи низомии Ҳамос) фаъолият мекунад. Аммо ӯ ба Муҳаммад Зайф машҳур аст. Зайф наздик ба се даҳа аст, ки дар феҳристи “Таҳти таъқибшудагон”-и Исроил қарор дошта ва раҳбари гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи мусаллаҳи Ҳамосро дар ихтиёр дорад.
Зайф дар луғати арабӣ ба маънои меҳмон, пушти амалиёти низомии оғозшуда аз навори Ғазза аст, ки Исроилро дар рӯзи шанбеи 7 октябр ғофилгир кард. Омри Бриннер, таҳлилгари Исроил ва Ховари Миёна дар гурӯҳи байналмилалӣ барои мутолеаи амнияти Вероно (ITSS) мегӯяд: “Овозаи Зайф қаблан ҳам зиёд буд, аммо бо ин амалиёт – муваффақтарин амалиёт дар таърихи муқовамати Фаластин – мероси ӯ барои ҳамеша зинда хоҳад монд.”
Исроил чанд сол аст, ки ба дунболи терури Зайф аст ва бо вуҷуди куштани ҳамсар ва фарзандонаш ҳанӯз ба худи ӯ даст наёфтааст. Бриннер мегӯяд: “Ба унвони фарде, ки аз чандин суиқасд фирор кардааст, Зайф “танҳо бозмондаи муқовамати Фаластин” аст. Тавоноии ӯ дар пинҳон шудан аз ниҳодҳои иттилоотии Исроил, лақаби “марде бо 9 ҷон”-ро ба ӯ додааст. Ӯ аз дерзамон ба унвони муҳимтарин фарде, ки бояд аз байн бурда шавад, дар Исроил матраҳ аст.
Роҳи бақои вай, дар пинҳон мондан нуҳуфтааст. Танҳо акси расмӣ аз Зайф, ки дар гардиш аст, беш аз 20 сол қидмат дорад. Бо ин ҳол, ӯ ба дур аз садама нест. Гуфта мешавад, Зайф биноӣ, як даст ва як пойи худро пас аз ҳамлаи Исроил дар соли 2006 аз даст додааст. Шеваи кори ӯ ҳамеша ин будааст, ки мустақиман ба қаламрави Исроил ба ҳар василаи мумкин зарба бизанад, то бештарин ҳазинаро барои рафтори ин режим бо мардуми Ғазза бипардозад.
Ин воқеият, ки Ҳамос ин амалиётро ба муддати як сол – тибқи охирин баровардҳо – бидуни дарҷи иттилоот, барномарезӣ кард, нишондиҳандаи вафодории маъдуд афроди мунтахабе ба Зайф аст, ки дар барномарезии ин амалиёт нақш доштанд.
france24
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

13 ҳазор манзил дар Ғазза вайрон шудааст
Талафоти исроилиҳо ба 1200 нафар расидааст

Матолиби пурбоздид