Мақоми исроилӣ: Кишварҳо дигар ба СММ пул надиҳанд

Мақоми исроилӣ: Кишварҳо дигар ба СММ пул надиҳанд
Ахбори байналмилал
Исроил: «Кишварҳои мӯҳтарам дигар ба Созмони Милал пул надиҳанд»
Гилъод Эрдон, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид, бо интиқод аз ин ниҳоди байналмилалӣ гуфт, ки Созмони Милал дигар машрӯъияти худро аз даст додааст.
Вай дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News гуфт: «Ҳамаи кишварҳои мӯҳтарам то замоне, ки яҳудситезӣ ва таъассуб алайҳи Исроил дар Созмони Милал аз байн наравад, бояд кӯмаки молӣ ба ин созмонро мутаваққиф кунанд».
Гилъод Эрдон афзуд: «Вақте мебинем, ки Созмони Милал на танҳо барои ҷилавгирӣ аз куштор ва ҷиноёт талош намекунад, балки дар ростои муҳофазат аз як созмони теруристӣ ва замонати такрори ҷиноёт рафтор мекунад, наметавон ба гунае идома дод, ки ингор ҳама чиз мисли собиқ пеш меравад».
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос: “Тӯфон ал-Ақсо”-ро то озодии комили Фаластин мутаваққиф намекунем”
Исроил сафири Русияро эҳзор кард

Матолиби пурбоздид