Мақоми исроилӣ: “Ҳизбуллоҳ мунтазири замони муносиб барои ҳамла аст”
Ахбори байналмилал
Як мақоми исроилӣ аз мақомоти ин режим хост, ба амнияти “Исроил” ба хотири ҳамлаи эҳтимолии Ҳизбуллоҳи Лубнон таваҷҷӯҳ дошта бошанд.
Ба гузориши шабакаи Ал-Маёдин, Нир Бен-Артсӣ, хохоми маъруфи исроилӣ гуфт: “Тазоҳуротро поён диҳед ва ба амният таваҷҷӯҳ кунед. Давлати Исроил бояд тамоми таваҷҷӯҳаш ба амният бошад ва ҳар рустоеро дар дохили Исроил тафтиш кунад. Бахше аз арабҳо аз минтақаи Алмутилла то Илот силоҳу муҳиммот доранд. Ҳизбуллоҳ ҳазорон мушак дорад, ки метавонад Тел-Авив ва атрофи онро ҳадаф қарор диҳад. Танҳо кофист Ҳизбуллоҳ ё Ҳамос ё Ҷиҳод аз Лубнон ё Ҷинин ё Ал-Халил ва Ноблус ва ё Эрон тугмаи шурӯи ҷангро бизананд. Ҳамаи онҳо мунтазир ҳастанд. Бахше аз сарзаминҳои фаластинии 1948 мунтазири ин лаҳза ҳастанд, то ҷанги “явмулғуфрон” иттифоқ биафтад”.
Ва ин дар ҳолест, ахиран Ҳизбуллоҳи Лубнон дар солрӯзи пирӯзӣ дар ҷанги 33 рӯза, як паёми видеоии 6-дақиқаӣ таҳти унвони “Ло ғолиба лакум” мунташир кард. Дар ин видео, мароҳили ҳуҷум ба як маркази ишғолгарон ва контроли комили он тавассути размандагони муқовимат ва барафроштани парчами Ҳизбуллоҳ то тахриб ва нобудии комили ин марказ шабеҳсозӣ шудааст.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, дар баёнияе, ки Ҳизбуллоҳ дар ин хусус мунташир кард, омадааст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
إِن یَنصُرْکُمُ اللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَکُمْ
“Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад, ҳеч кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд”. (Оли Имрон, ояти 160)
Муқовимати исломӣ дар ҳолу ҳавои солгарди пирӯзии илоҳӣ дар августи 2006 ва бо саҳнае, ки тасвире аз қудрати зиёд, ирода, омодагӣ ва барномарезиро нишон медиҳад, видеое бо унвони “Ҳеч кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд” ироа мекунад, ки мароҳили ҳуҷум ба як маркази саҳюнистӣ ва контроли комили он тавассути муҷоҳидин ва барафроштани парчами Ҳизбуллоҳ бар рӯйи деворҳо ва сафҳаи намоиши он то нобудии маркази саҳюнистӣ шабеҳсозӣ шудааст”.
Ба назари таҳлилгарони сиёсӣ ва низомӣ, ҷанги тобистони 2006 миёни режими саҳюнистӣ ва Лубнонро бояд нуқтаи атфе дар муъодилаи даргирӣ бо ин режим донист. Ин ҷанг аз 12 июл шурӯъ шуд ва то 14 август идома ёфт. Ҷанге, ки ба “Ваъдаи содиқ” машҳур аст. Ин ҷанг монанди ҳар ҷанги дигаре бо як баҳона шурӯъ шуд. Амалиёти Ҳизбуллоҳ дар умқи Фаластини ишғолӣ ва ба асорат гирифтани ду низомии “Исроил” дар 12 июл, баҳонаи ин ҷанг шуд ва саҳюнистҳо иддао карданд, ки барои озодии низомиёни худ ин ҷангро оғоз кардаанд.
Қаламонлайн